Arzon march 2024
Шавҳарам аз занаш қади аҷал метарсад
12.12.2024
Оила
1938

Салом «Оила»-и азиз ! Мехоҳам саргузаштамро нақл карда аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.

Маро дар синни 18-солагӣ ба шавҳар доданд. Ҳамсарамро нодида гирифта бошам ҳам, дӯсташ медоштам, вале дар тўли 10 сол фарзанддор нашудем ва оқибат бо дили афгор хонавайрон шудем. Тақдирам чунин будааст гўён, гирёну нолон хонаи шавҳарамро тарк намудам. Сари зиндаро ба гӯр бурда намешудааст, ман ҳам ду-се сол пас бо марди дигаре шинос шудам, ки зоҳиран хеле меҳрубон менамуд. Иқрор шуд, ки зану фарзанд дорад, вале ҳамсараш бемор асту аз ҳамин сабаб мехоҳад маро ба никоҳаш дарорад. Мақсади зани дуюм шуда, шавҳари касеро соҳибӣ карданро надоштам, вале мехостам худамро санҷам, ки фарзандор мешавам ё не, барои ҳамин розигӣ додам.

Хулоса, шавҳари дуюмам баъди никоҳ ба Русия коркунӣ рафт ва шаш моҳ аз байн нагузашта маро ба наздаш хонд. Ду сол дар ғурбат зистем. Дар он ҷо табобат гирифта, билохира ҳомиладор шудам. Як моҳ пеш аз таввалуд карданам шавҳарам маро ба Тоҷикистон фиристод, то ки дар назди модарам бошам. Хушбахтона писар таваллуд кардам. Пайвандонам хурсанд буданд, ки ниҳоят баъди 15 сол худованд ба мани ташнаи фарзанд писар ато намуд.

Шавҳарам дар шашмоҳагии писарам аз Русия баргашт, вале... Муддати ду сол аст, ки дигар ба Русия намеравад. Мардакам дар бозор савдо мекунад ва аввал хароҷотҳои оилаи якумашро таъмин карда, баъд барои мо ягон чиз мехарад. Ҳис мекунам, ки ин мардак аз зани якумаш қади аҷал метарсад, чунки дар як ҳафта як бор ба қавле гурехта-гурехта ба назди ману писараш меояд. Аслан марди хуб аст, ҳақорат намекунад, одати латукӯб кардан надорад, вале як камбудӣ дорад, пеш аз никоҳ ваъда карда буд, ки бароям хона мехарад, вале аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, ақаллан ҳатто хонаеро иҷора гирифта, маро бо писарам набарад. Аз он ки чанд сол боз дар хонаи падару модари ман зиндагӣ карда истодаем, шарм медорам. Мегӯям, ки биё ягон хонаро иҷора гирем, ман ҳам ба кор мебароям, дукаса илоҷе карда зиндагиамонро пеш мебарем, аммо шавҳарам розӣ нашуда, мегӯяд, ки “занам зангириамро фаҳмад, ҷангу ҷанҷол мекунад.” Ҳайронам, ки бо ин мард чи кор кунам? Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

С. М, сокини шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД