Sebiston new 2024 october
Шавҳарам ҷавонмарг шуду мурғи дилам мурд
1683

Салом! Замира ҳастам, як ҷавонзани ба гирдоби ғаму дард ғӯтидаи тоҷик, ки ниёз ба маслиҳат ва роҳнамоии шумо дорад.

Ману шавҳарам ҳамдигарро дўст дошта, бо ишқу маҳаббат хонадор шуда будем. Зиндагиамон ба мисли шаҳду шакар ширин буд ва хешу табору ҳаққу ҳамсояҳо моро Лайлию Маҷнун мегуфтанд, вале хушбахтиамон дер давом накард.

Шавҳарам ба Русия мардикорӣ рафту аз байн шаш моҳ нагузашта, аз ошёнаи ҳафтум афтида мурд. Ҷавонмарг шудани шавҳари меҳрубонам маро бе корд кушт.

Вақте ки ҷисми беҷонашро дар тобути оҳанин ба хона оварданд, фиғонам ба фалак печида, дунё дар назарам тираву тор гашт. Худамро рӯйи тобути азизи дилам партофта, бо ашки шашқатор зорӣ кардам, ки моро ҷудо накунед, вале тақдири бераҳмро тадбир набуд.

Шаҳбачаи ормонии маро ба хок супурданду орзуву ҳавасҳои дилам низ бо хоки сияҳ яксон гаштанд. Мурғи дилам бо марги шавҳарам мурда, дигар ҳеҷ дилгармие ба зиндагӣ надорам.

Аз байн аллакай се сол гузаштааст, аммо ёди шавњари зебою ҷавонмаргам ҳатто як лаҳза ҳам маро тарк намесозад. Ҳамеша зиндагии ширинамонро ба хотир оварда, ашк мерезам.

Волидонам мудом маро насиҳат мекунанд, ки ту њоло љавонї, шавҳарат ҷавонмарг шуд, вале сари зиндаро ба гӯр бурда намешавад, дубора шавҳар карда, аз паси зиндагиат шав, вале суханони онҳо ба дилам мисли ханҷар мехалад.

Азбаски ҷавон ҳастам, талабгоронам бисёранд. Ҳафтаи гузашта низ марде маро хостгор шуд ва ваъда дод, ки бароям хонаи алоҳида харида, маро хушбахт мекунад.

Волидонам “занаш мисли шавҳари ту ҷавонмарг шуда, сари фарзанд рафта будааст. Шумо ғамшарик ҳастед. Ин марди занмурда ба қадрат расида, кӯшиш мекунад, ки туро хушбахт гардонад” гӯён, маҷбур карда истодаанд, ки ба никоҳ розӣ шавам.

Байни дуроҳаи қисмат зору ҳайрон монда, чи кор карданамро намедонам. Илтимос,ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД