Понздаҳуми май дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила ҳисобида мешавад. Ин беҳуда нест, зеро аз ҳама муҳимтарин чизе, ки дар дунё ҳаст, оила аст. Агар оила набошад, инсон гӯё чизе надорад. Қавитарин пайванди тамоми ҳаёти мо оила аст.
Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд».
Рӯзи байналмилалии оила соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис ёфтааст.
Пайдоиши Рӯзи оила беҳуда нест. Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони имрӯза- дар давраи аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши он гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло оиларо «эҳсоси наздикӣ ба ҳамдигар, нишоти меҳри волидайн, эътимоду боварӣ ва дастгирии якдигар» меҳисобад.
Ба андешаи шоир, боварӣ ба худ ва дигаронро кӯдак бори аввал дар оила таҷриба мекунад. Маҳз дар оила ӯ муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад.
Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонӣ мебошад. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки оила бо ҳам дӯст ва мустаҳкам бошад.
Ҷудошавии оилаҳо- мушкили рӯз ва ҷомеа
Мутафаккире фармудааст: “Барои бунёди оила кофист, ки дӯст бидорӣ. Аммо барои ҳифз ва нигоҳ доштани он бояд таҳаммул кардан ва бахшиданро биомӯзӣ”(Модар Тереза). Бузурги дигаре мефармояд: “Оила ҳадяи бебаҳост. Онро бояд эҳтиёт кард, на ин ки вайрон сохт” (Сюзан Кинг).
Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо мушкилие рӯ ба рӯ омадааст, ки он ноустувории ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо аст. Мутаассифона, ин раванд имрӯз ба ҷумҳурии мо низ таҳдид мекунад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, соли 2018 танҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 7721 оилаи навбунёд дар муддати кӯтоҳ 1777-тои он аз ҳам пош хӯрдааст, ки хеле шигифтангез аст.
Бубинед, зуд ва бо саросемагӣ бо хости худ ва ба тариқи худ оила бунёд кардани ҷавонон ва ба ҳамин зудӣ аз ҳам ҷудо гардиданашон хоси зиндагии имрӯз ва ҳамин чанд соли охир аст. Чунин падида дар замонҳои начандон дури пешин кам ба назар мерасид ва ҳатто пош хӯрдани як оилаи ҷавон фоҷиа, ҳодисаи номатлуб ва ҳатто шигифтангези ҷомеа маҳсуб мешуд. Аммо имрӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон касеро ба ҳайрат намеорад. Ин ҳодисаи муқаррарарӣ гардида, ҷомеа ба он одат кардааст. Албатта, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан миллати куҳанбунёди мо, ки фарҳанги ғанӣ ва ибратомӯзи оиладории худро доштааст, ин ҳолат сахт изтиробангез аст.
Агар оила, чунонки мегӯянд, асоси ҷомеа бошад ва ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замонҳо бар он бунёд ёбад, пас аз ин ҳодисаи номатлуб чиро метавон интизор шуд? Оё рахнаҳо дар бунёди ин муқаддасоти инсонӣ, яъне оила ба фоҷиаҳои шигифтангез, яъне халалдор кардану садама расонидан ба асоси бунёди ҷомеа намеорад, ки аз он фоҷиаҳои дигари рӯзу рӯзгорро метавон интизор шуд? Яъне вақти он аст, ки ҷомеаи инсонӣ, хусусан мо, тоҷикон, ки ҳамеша такя ба суннатҳои волои таърихӣ ва миллии худ доштаем, аз ин хусус андеша кунем.
Ба маврид аст гуфтаи мутафаккиронро ба ёд орем: ”Шавҳару зан мисли дастҳо ва чашмонанд: вақте ки дастҳо дард мекашанд, чашмҳо гиря мекунанд, вақте ки чашмҳо мегирянд, дастҳо ашкро пок мекунанд” (В. Гавеля).
Дар “Кобуснома”- и Унсурулмаолии Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн, ки асоси бунёди оила аст, сухан меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон” –и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадааст, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, ба бунёди ҷомеа ва оилаҳои солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ” – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонӣ аст, ки таълимоти ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст. Ва ин таълимоти баланди инсонпарваронаи гузаштагони мо дар ҷаҳон, хусусан дар Аврупо бо номи Ритсарство машҳур ва паҳн гаштааст, ки намунаи барҷастаи одоби ҷавонмардӣ гардида, онҳое, ки ба ин ирқа, яъне ҷавонмардон мансуб шудаанд, худро аз табақаи баланду поксиришти ҷомеа мешинохтанд.
Метавон гуфт, дар илму адаби классикии мо адибе нест, ки саҳме дар бунёди таълимоти тарбиявӣ, ки ҳадафаш бунёди ҷомеа ва хонаводаҳои солим аст, нагузошта бошад. Ин маърифат дар таърихи илм ва фарҳанги миллии гузаштагони мо то ҷое расидааст, ки ҳатто ишқ ба мафҳум ва меъёри баланди фалсафӣ ва инсоншиносӣ табдил ёфтааст.
Аммо имрӯз то куҷо мо аз ин таълимот истифода мебарем ва чӣ бардоштҳои муфид аз он кардаем, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас ва муҳити солими оилаҳо таъсири нек дошта бошанд?
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва андешидани тадбирҳои махсуси дигар иқдоми бисёр бамаврид ва саривақтӣ аст, аммо муҳимтар аз он, риоя ва амалӣ сохтани ин қонун мебошад. Пас воқеан дар ин маврид масъулияти падару модар ва ҷомеа нақши тақдирсоз мебозад. Ин ҷо метавон аз гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд:
«Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагӣ аст. Маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст.. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад.
Шаш асрори мустаҳкамшавии оила
Одатан, вақте ки аз баргузоркунандагони тӯйи тиллоӣ мепурсанд, ки “Сирри хушбахтии шумо дар чӣ аст?”, соҳибҷашнҳо дар ҷавоб мушкилӣ мекашанд. Зеро гуфта наметавонанд, ки хушбахтии онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Мушкилоти хонаводагӣ, душвориву муқовимати ҳаёт ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо неруе буд, ки онҳоро аз ҳама мушкилот гузаронд. Дар асл барои он ки оила қавӣ ва дӯст бошад, тифоқии онро самимона хостан ва барои он кӯшидан зарур аст. Ҳеҷ кас ба ҷои мо муносибатҳои моро наметавонад гарм нигоҳ дорад, барои ин бояд пайваста алоқаҳои эҳсосӣ ва самимияти байниҳамдигариро ривоҷ дод, бояд кӯшишҳо ба кор бурд, тадбирҳо андешид. Сол ба сол ҳамдигарро бояд беҳтар омӯхт, то оила мустаҳкам шавад.
1. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед.
Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Сухани худро амалан собит созед. Ишқро наметавон бо туҳфаҳои гаронбаҳо харид ва харидани онҳо ҳар вақт шарт нест. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад.
2. То қадри имкон ғизоро якҷоя бо аҳли хонавода тановул кунед. Нишасти бо ҳами сари дастархон беҳтарин имконияти эҳсоси дастгирии ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои оилавӣ аст. Ҳатто, агар дар ин маврид ҳолатҳои хеле ногувор муҳокима ҳам шаванд, бовар ба он ки бо ҳам метавон мушкили замонро паси сар кард, бо аъзои оила хоҳад монд.
3. Суннатҳои оилавӣ – мададгори ягонагии хонавода.
Дар ҳар оилаи қавӣ якчанд суннати хонаводагӣ вуҷуд дорад. Инҳо метавонанд ҷамъомадҳои муқаррарӣ дар гирди дастархон, бо ҳам баромадан ба сайри табиат дар рӯзҳои истироҳат, бозиҳое, мисли шоҳмот, домино ва ғайра бошанд. Бояд онеро интихоб кард, ки писанди ҳама аҳли хонавода аст. Имрӯз, хушбахтона, дар тамоми маҳалҳои пойтахт ва гӯшаҳои мухталифи мамлакат боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳ ва фароғатгоҳҳои кӯдакона бунёд гардидаву бунёд шуда истодаанд, ки барои сайругашти оилавӣ ва машғулияти кӯдакону фарзандон имконияти хуб фароҳам овардаанд. Суннатҳои оилавӣ муносибатҳои шуморо нотакрор намуда, ба аҳли хонадон суботу устуворӣ, эътимод ва бовар ба фардо мебахшанд.
4. Муносибат бо атрофиён.
Мувофиқи пажӯҳишҳо, кӯдаконе, ки илова ба волидайн бештар бо калонсолон муошират мекунанд, худро хушбахттару боварноктар эҳсос мекунанд. Ҳангоми қабули меҳмонон шумо эҳсоси ягонагӣ мекунед.
5. Иҷрои корҳои хонагӣ бо ҳам.
Ташвишҳои хонадонро адолатмандона дар байни ҳамаи аъзои оила тақсим намуда, шумо як муҳити боҳамӣ ва эҳсоси дастгирии ҳамдигарро дар оила ба вуҷуд меоред. Ҳар узви оила масъулияти иҷрои вазифаи худро бар дӯш мегирад. Ҳадафи ягона оиларо муттаҳид сохта, руҳияи ягонагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигарро ба вуҷуд меорад.
6. Аз ҳаёти худ ба аҳли оила ҳикоят кунед.
Ҳикоят кардан аз ҳаёти кӯдакии худ ба фарзандон хеле муҳим аст. Ин ба кӯдакон имконият медиҳад, ки волидайни худро беҳтар фаҳманд. Бисёре аз кӯдакон гумон мекунанд, ки волидайни онҳо ҳеҷ гоҳ кӯдак набуда, мушкилоти кӯдакона надоштаанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки волидайнашон ҳамин хел калон ба дунё омадаанд.
Аз хотираҳои худ, аз тифлии худ, аз насли пешин ҳикоятҳо кунед, ки бе манфиат нахоҳад буд. Чунин ҳикоятҳо барои дарки ҳамдигарӣ бисёр муҳим аст. Вақте ҳамдигарфаҳмӣ аст, оила низ мустаҳкам мегардад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»