Кормандони мақомоти қудратии Россия як шаҳрванди 29-солаи Ӯзбекистонро дастгир кардаанд, ки дар ташкил намудани амали террористӣ ва марги генерали рус Игор Кириллов ва ёрдамчиаш гумонбар дониста мешавад.
Бино бар фарзияи мақомоти қудратии рус боздоштшуда дастгоҳи худсохти таркандаро ба самокате, ки дар назди хонаи генерал гузошта шуда буд, васл намудааст. Гумонбар тариқи камераҳои назоратӣ аз хона баромадани генералро мушоҳида намуда, дастгоҳи таркандаро ба кор даровардааст. Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Ӯзбекистон камераҳои назоратиро қаблан дар мошини ба иҷора гирифтааш васл кардааст.
Гумонбаршуда иқрор шудааст, ки фармоишгарон барои куштори генерал ба вай 100 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда карда, қавл дода буданд, ки барои ба яке аз кишварҳои аврупоӣ фирор карданаш ёрӣ мерасонанд.
Ҷустуҷӯи ҷинояткорони дигаре, ки дар марги генерали рус даст доранд, идома дорад. Мақомоти Россия мегӯянд, ки амали террористиро алайҳи генерали рус Игор Кириллов Украина ташкил кардааст.