toyota motors
Шаҳрванд барои саҳмгузорӣ дар пешгирии паҳншавии сӯхтор қадрдонӣ гардид
02.06.2026
Oila.tj
117

Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон шаҳрванд Бозоров Ҳамза, сокини ноҳияи Носири Хусрав, ронандаи мехлопата барои зоҳир намудани далерӣ, нишон додани ҷасорат, иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ва саҳми арзанда дар пешгирии паҳншавии сӯхтор ва кам намудани талафоти моддӣ, ҳамчунин ҳифзи молу мулки шаҳрвандон ҳангоми сар задани сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қадрдонӣ карда шуд.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, ҳангоми сар задани сӯхтор дар ҳудуди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ноҳияи Носири Хусрав шаҳрванд Бозоров Ҳамза бо истифода аз мехлопата нақлиёти оташгирифтаро аз дохили нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ берун кашида, барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи оташ мусоидат кардааст.

Дар натиҷаи амалҳои фаврӣ ва далеронаи номбурда хатари паҳн гардидани сӯхтор ба иншоот ва таҷҳизоти нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ коҳиш ёфта, барои пешгирии расидани зарари калони моддӣ ва дигар паёмадҳои ногувор замина фароҳам оварда шудааст.

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суҳбат бо шаҳрванд Бозоров Ҳамза иброз доштааст: “Боиси ифтихор аст, ки дар ҷомеаи мо чунин шахсони фаъол, далер ва масъулиятшинос фаъолият намуда, дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳифзи ҷони одамон ва пешгирии оқибатҳои нохуш бетараф намемонанд. Саҳми шумо дар пешгирии ин ҳодиса арзишманд буда, аз ҷониби ҷомеа ва масъулин бо эҳтиром ва миннатдорӣ арзёбӣ мегардад”.

Сипас ба шаҳрванд Бозоров Ҳамза барои хизматҳои софдилона ва содиқона дар назди ҷомеа ва саҳми арзандааш дар пешгирии паҳншавии сӯхтор Сипоснома ва туҳфаи мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон тақдим карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД