goodwell
Шароити зисту зиндагии аскарбачаҳо дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар карда мешавад
10.08.2026
Оила
27

 

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода рӯзи 8-уми август зимни як ҷаласа дар вазорати дифоъ дастур додааст, ки шароити хидмат ва зисту зиндагии аскарбачаҳо дар қисмҳои низомӣ беҳтар карда шуда, аз ҳар гуна қонуншиканӣ дар артиш пешгирӣ карда шавад.
Бино бар иттилоъи Вазорати мудофиаи кишвар дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи баргузории режаи низомӣ ба муносибати таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Собирзода аз кормандонаш талаб кардааст, ки таъмини сатҳи баланди омодагии хидматӣ бомасъулият бошанд.
Баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таъмини солимии низомиён, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 аз мавзуъҳои асосии ин ҷаласа будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД