arzon replenishment
Шарифи Ҳамдампур чи гуна миллионер шуд?
1472


Имрӯз яке аз парчамбардорони артиши сухан ва матбуоти тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат, қаламкаши тавоно ва бунёдгузори ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур ҷашни милод дорад.


Ин марди фозилу донишманд яке аз поягузорони журналистикаи озод дар Тоҷикистон буда, дар рушду нумӯъи матбуоти навини тоҷик саҳми арзанда дорад.

Аксари журналистони шинохта, ки ҳамакнун суханашон таъсиргузор буда, дар ҷомеа мавқеъи хос пайдо намудаанд, маҳз аз мактаби Шарифи Ҳамдампур гузашта, мисли пӯлод дар кӯрраи оташини сухан гудохта шуда, шеваи кору пайкор дар олами журналистикаро аз устоди зирак ва оқилу донишманд омӯхтаанд. Шарифи Ҳамдампурро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ ҳамчун журналисти тавоно хуб мешиносанд ва эҳтирому эътироф менамоянд, зеро чашми дурбин ва сухани мисли шамшер буррандааш ин марди суханварро машҳур гардонидааст.
Албатта ин ҳама шону обрӯву эътибор ба осонӣ насиби ин марди хирад нагаштааст. Шарифи Ҳамдампур 18 -майи соли 1954 дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷекат ба дунё омада, соли 1976 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст. Аз соли 1976 то соли 1980 дар нашриёти «Маориф» ба сифати муҳаррир ва муҳаррири калон кор карда, соли 1984 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М. Ломоносовро хатм намудааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» ба сифати муҳаррири илмӣ иҷрои вазифа намуда, солҳои 1986-1990 шореҳи рӯзномаи «Омӯзгор» буд. Соли 1990 ибтидо ба сифати котиби масъул ва баъдан дар давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ ба сифати ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1996 сардори дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумрук шуда кор мекард. Аз соли 1996 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва муассиси ҶДММ «Оила» мебошад.
Шарифи Ҳамдампур ба дарахти пурборе мемонад. Дар баробари кор дар матбуоти даврӣ ва инъикоси мавзӯҳои доғи ҳаёти ҷомеаву дарҷи сӯҳбатҳои ҷолиб бо сарони давлатҳо, сиёсатмадорони шинохтаву олимону адибони номдор ва ситораҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ин қаламкаши борикбин ҳамчунин ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, чеҳраи шахсиятҳои машҳурро аз қабили Бобоҷон Ғафуров кушодааст. Асарҳои Ҳамдампур “Алифбои дуздидашуда” (Похишенный алфавит), “Тоҷикон дар сӯҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин”, “Чунин гуфт оне, ки буду не, ки ҳаст”, “Нигоҳ: одамон ва ҳаводис аз Помир то Кремл” бисёр саҳифаҳои торики таърихи миллати тоҷикро равшан месозанд ва натанҳо барои дастпарварони факултаи журналистика, балки барои ҳар ватандори асил муфид буда, дар шинохти чеҳраи фарзандони фарзонаи миллат ва огоҳии комил аз таъриху фарҳанги бойи тоҷикон кӯмак мерасонанд.
Хуллас, Шарифи Ҳамдампур танҳо як журналист не, балки як мактаби бузурги худшиносӣ буда, ҳамкориву ҳамнишинӣ бо чунин устоди тавонои сухан мояи ифтихори мост.
Бисёриҳо бар он андешаанд, ки Шарифи Ҳамдампур миллонер аст. Оре, Шарифи Ҳамдампур миллионер аст, зеро нигоштаҳои ӯ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ миллионҳо хонанда ва мухлису ҳаводори худро доранд. Шарифи Ҳамдампур миллионер аст, зеро ҳар як нашрияву сомонаи таъсис додааш садҳо ҳазор хонанда ва муштарӣ дошта, ҳамарӯза ба дарди одамони зиёде даво мегарданд. Тавре калонсолон мегӯянд “пул чирки даст аст”, вале эътирофу эҳтироми миллионҳо одамонро ба даст овардан, бахти бузургест, ки на ба ҳар миллионер насиб мегардад.
Бори дигар устод Шарифи Ҳамдампурро бо ҷашни милодашон сидқан муборакбод гуфта, ба ин марди асил умри дарози пурбаракат ва сари сабзу қадами сабзу қалами сабз таманно дорем.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД