Arzon march 2024
Шаҳриёри Давлат писарашро аз Шаҳло гирифт?
1012

 

Ду рӯз қабл дар саҳифаи инстаграми шахсии овозхон Шаҳриёри Давлат наворе нашр шуд, ки дар он сароянда ҳамроҳи писараш Яҳёҷон Давлатов ва духтараш зодрӯзи духтарчаашро дар хонаи шахсии Шаҳриёр таҷлил карда истодаанд.

Дар видеои мазкур Яҳё апаашро ба оғӯш гирифта, “зодрӯз муборак” мегӯяд ва мебӯсад. Шаҳриёр ҳам онҳоро “фарзандонам” ва Яҳёро “бачаҷони ман” мегӯяд.

Аксарият медонанд, ки Яҳё писари овозхонҳо Шаҳриёр ва Шаҳло Давлатовҳо аст. Падару модараш аз ҳамдигар ҷудо шуда, Яҳёро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва клипҳо бештар бо модараш мебинанд.

Дар мавриди оне ки минбаъд Яҳё бо падараш мемонад ё бо модараш, сарояндаҳо чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Яҳёҷон Давлатов хурдтарин овозхони тоҷик буда, клипҳояш дар шабакаи YouTube миллионҳо тамошобин дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД