Салом “Оила”-и азиз! Ба наздикӣдар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки Яҳёҷон писари Шаҳриёри Давлат, ки чанде пеш ба назди падараш баргашта буд, боз тарки хонаи падар кардааст.
Шаҳриёр дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки бо писараш Яҳёҷон рӯзҳои наздик бадеҳа месароянд. Шояд ба якҷоя шудани падару писар чашми бад расид, ки тез аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Мехоҳам ҳақиқати ҳолро барои мо муайян намоед.
Гулнисо, н. Темурмалик.
Посух
Вақте бо суоли хонанда ба худи Шаҳриёри Давлат муроҷиат намудем, сароянда баъд аз каме андешаронӣ чунон посух гуфт:
“Ҳамин овозаҳои беасосро кӣ паҳн мекунад? Ману писарам Яҳёҷон якҷоя ҳастем ва ҳаргиз ҷудо намешавем.
Магар пӯстро аз нохун ва ё ҷонро аз тан ҷудо карда мешавад? Албатта не! Пас, ба ҳар гуна овозаҳо дода нашавед ва ба наздикӣ бадеҳаи ману писарамро интизор бошед!”