sebiston july new
Шаҳри Турсунзода: Наҷоти се навраси дар ҳоли ғарқшавӣ
10.09.2024
ОИЛА.ТҶ
309

Дар қаламрави шаҳри Турсунзода се наврасе, ки дар ҳоли ғарқ шудан будаанд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав наҷот дода шудаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти ба номи Т. Туйчиев рух додааст. Бачаҳое, ки саргарми бозии футбол будаанд, туби худро тавре рондаанд, ки ба канали Хоҷавнақширон сарозер шудааст. Се нафари онҳо, ки ҳамагӣ 14-сола будаанд, ба дунболи тӯб худро ба оби канал андохтаанд. Онҳо натавонистаанд аз сабаби ҷараёни тези об ба тӯб расанд, вале ҳамзамон худ низ натавонистаанд мустақилона аз оби канал берун шаванд.

Ба шарофати фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расидани имдодгарони бахши КҲФ дар Турсунзода ва Шаҳринав ин се тан наҷот дода шудаанд.

Имдодгарон ба бачаҳо дар бораи қоидаҳои бехатарии будубош дар соҳили ҷӯву каналу дарёҳо суҳбат карда ва аз онҳо хостаанд, ки ҳаргиз бе мадади калонсолон дар чунин ҳолатҳо вориди об нашаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД