Дар мусобиқаи байналмилалии Tokiyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини тарзи ҷудо аз Тоҷикистон 4 нафар варзишгарон ширкат меварзанд.
Ин мусобиқа рӯзҳои 7-8-уми декабри соли равон дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷудочиёни машҳур Виктория Киселёва, Обед Ҷебов, Абубакр Шеров ва Умедҷон Раҷабов намояндагӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии сайри ҷудои ҷаҳон -Tokiyo Grand Slam 183 нафар ҷудочиёни машҳур аз 42 давлати ҷаҳон номнавис шудаанд. Аз намояндагони Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба Виктория Киселёва, ки дар вазни +78 кг дар миёни занон рақобат мекунад, равона гаштааст. Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ва Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг бо рақибони пурқувват қувваозмоӣ хоҳанд кард.