Имрӯз дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” ҷаласаи XXVIII Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид.
Шаҳноз Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робата ба ин масъала зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои муҳими самти муҳоҷират, аз қабили қонунҳои нави муҳоҷиратӣ, таҷрибаи рақамикунонии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафар ва пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар поёни ҷаласа байни ду ташкилот - Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират ва Маркази зидди террористии ИДМ дар масъалаи ҳамкорӣ меморандум ба имзо расонида мешавад.
“Ҳамаи мову шумо хуб медонем, ки терроризм чиқадар хатари бузург дорад. Гурӯҳи аз ҳама осебпазир муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Мақсад аз ҳамкорӣ пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба чунин гурӯҳҳо мебошад”,- гуфт хонум Нодирӣ.
Дар масъалаи кушодашавии намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе Шаҳноз Нодирӣ гуфт:
- Муддати ду сол аст, ки мо барои кушодани намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Россия дар Тоҷикистон корбарӣ карда истодаем. Соли 2022 байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Хадамоти шиносномаю раводиди ВКД Россия меморандум ба имзо расида буд ва моҳи декабри соли гузашта ин намояндагӣ расман дар кишвари мо ба қайд гирифта шуд. Аз моҳи январи соли равон корҳои омодагӣ ҷиҳати таъминоти техникии намояндагӣ фаъолона оғоз шуданд. Тоҷикистон бинои лозимиро барои намояндагӣ дар Хадамоти муҳоҷират пешниҳод кард, то ки барои шаҳрвандони кишвари мо қулай бошад. Акнун муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд дар бораи манъи вуруди худ ба Русия аз ин намояндагӣ маълумот бигиранд, аз ташхиси дактилоскопия гузаранд. Ёфтани ҷойи кор, гирифтани акс ва дигар масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба сафар низ минбаъд дар ҳамин намояндагӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Ин кори муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро хеле осон хоҳад кард, зеро барои дар Русия дубора аз ин ташхисҳо гузаштан дигар зарурат намемонад. Аксаран баъди сафар ба Русия ҳар хел бемориҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ошкор карда шуда, дар раванди табобат барои дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани муҳоҷир мушкилиҳо ба миён меоянд. Барои ҳалли ин масъала мо кӯшиш карда истодаем, ки минбаъд муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ташхиси тиббӣ низ дар худи Тоҷикистон гузаранд.