Дар фасли гармои тобистон қисми зиёди одамон шамол кашида, ба зуком ва дарди гулӯ - танзилит, ки бемориҳои зимистона ба ҳисоб мераванд, гирифтор мешаванд.
Сабаби дар ҳавои гарм шамол хӯрдан таъсири кондитсионер ва оби хунук нӯшидан дар фасли тобистон мебошад. Ин бемориҳо дар назари аввал бехатар менамоянд, вале табобат накарданашон метавонад оризаҳои дигарро ба вуҷуд орад, бинобар ин, ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Тавсияҳои муҳим
1. Бо пай бурдани аввалин нишонаҳои дарди гулӯ ба духтур муроҷиат кунед, чунки тонзиллити табобатнашуда метавонад ба мушкилоти ҷиддии саломатӣ оварда расонад.
2. Ҳангоми гирифторӣ ба тонзиллит, аз истеъмоли ҳар чизе, ки метавонад луобпардаҳои илтиҳобии гулӯро озурда созад ё осеб расонад, худдорӣ намоед.
3. Ба худтабобаткунӣ даст назанед, зеро табобати нодурусти сироят метавонад баъдан шуморо ба бемориҳои дигар, ба монанди миокардит (илтиҳоби мушакҳои дил), гломерулонефрит (бемории гурда) ва мушкилоти буғумҳо гирифтор созад.