Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, номзади илмҳои тиб, директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои саҳмгузорӣ дар самти рушди низоми маорифи кишварҳои узви ИДМ сазовори ҷоизаи байналмилалӣ дар самти “Маориф” шуд.
Ҷоизаи мазкур имрӯз дар шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба Шаҳло Ашуриён тақдим карда шуд. Дар расми тақдими ҷоиза зикр гардид, ки мавсуф номзади илмҳои тиб (2014) ва Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) буда, ба ҳайси сарвари Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар самти шаклгирии бештару беҳтари низоми маориф, махсусан фаъолияти хуб нишон додани Коллеҷи тиббӣ, баромаду суханронӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ сазовори ин ҷоиза дониста шудааст.
Шаҳло Ашуриён ба масъулин барои қадршиносиашон изҳори сипосгузорӣ карда, гуфт, соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад ва бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, пайваста чораҳо меандешад.
“Маҳз ба ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад. Ин ҳама тадбирандешиҳо аз татбиқи кафолатҳои давлатии ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандон дарак медиҳад. Мо ҳам ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшишамонро ба харҷ медиҳем”, - гуфт Ашуриён.
Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода 12 -майи соли 1980, дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино аст. Баъди хатм дар Маркази саломатии шаҳрии №9-и пойтахт ба ҳайси духтури бемориҳои дарунӣ фаъолият карда, сипас, ҳамчун мутахассиси пешбари Раёсати захираҳои кадрӣ ва илм, сармутахассиси Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи майи соли 2015 директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошанд.