Soranus
Шалғам - давои сулфа ва астма
542

Салом! Қариб як ҳафта боз ман ба сулфа гирифтор ҳастам ва доруву дармони бисёре хӯрда бошам ҳам, ҳеҷ сулфаам намемонад. Бибиам маслиҳат доданд, ки шалғам хӯрам. Магар сулфае, ки бо доруворӣ хуб нашуд, бо хӯрдани шалғам мемонад? Умуман, шалғам ба саломатии инсон чӣ фоида дорад?

МУЯССАРА, н. Рӯдакӣ

Посух:

- Шалғам дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Аз замонҳои қадим онро ҳамчун даво барои бисёр бемориҳо истифода мебурданд. Он хусусияти бедардсозӣ, зиддиилтиҳобӣ, пешобронӣ ва антисептикӣ дошта, захмҳоро шифо мебахшад. Шалғам аз витаминҳои C, V1, V2, нах, каротин хеле бой аст. Дар тибби халқӣ шалғам ва афшураи онро дар табобати сулфа, гирифтагии овоз ва астма истифода мебаранд. Хӯрдани шалғам асабро ором намуда, кори дилро ба эътидол меорад. Дар "Маслиҳатҳои тиббӣ"-и Ибни Сино дар бораи шалғам чунин гуфта шудааст: "Шалғам, ки бо гӯшти равғанин пухта шавад, қафаси сина ва гулӯро нарм мекунад”.

Шалғам ҳангоми бемории “подагра” хеле муфид мебошад. Онро бо гӯшт ҷӯшонида, камар ва диурезро табобат мекунанд.

Барги шалғам низ хеле муфид буда, хусусияти пешобронӣ дорад.

Дар баробари хусусиятҳои табобатӣ доштанаш, хӯрдани шалғам ба нафароне, ки илтиҳоби рӯда, гепатити шадид ва музмин, холесистит, бемориҳои системаи марказии асаб доранд, тавсия дода намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД