sebiston july new
ШАКЛИ ПУРРА: ҒУЛОМИ ШАВҲАРАМ
24.01.2021
ОИЛА
5627

 

Салом, кормандони “Оила”. Ман Давлатова Муқаддас, хонандаи доимии шумо ҳастам. Имрӯз қаламу қоғаз ба даст гирифтам, то ба шумо дарди дил кунам. Ман модарам, модаре, ки шаш фарзандро зиндаятим калон карда истодаам. Модаре, ки ҳаёти пур аз дарду ғамро пушти сар мекунам. Рӯзона дар канори фарзандонам худро боқувват нишон диҳам ҳам, шабҳо хоб накарда, то саҳар гиря мекунам. Зиндагӣ дарёи пурталотуме будааст, ки барои аз мавҷҳои он гузаштан бояд шиновари хубе бошӣ.

Соли 1969 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Мактаби миёнаи зодгоҳамро соли 1988 хатм кардаму моҳи январи соли 1989 бо Убайдулло ном ҷавоне аз ноҳияи Вахш издивоҷ намудам. Аниқтараш, маро маҷбурӣ ба шавҳар доданд. Аз тӯямон се моҳ гузашта буд, ки дар хонаи шавҳарам ҷангу ҷанҷол сар шуд. Мани дар хонаи падар ҷангро надида, ин вазъиятро медидаму худро дарун ба дарун мехӯрдам ва ба касе дар ин бора лаб во карда наметавонистам. Зиндагӣ пастиву баландӣ дорад гуфта, сабр мекардам.

Соли 1991 нахустфарзандам, ки духтарча аст, ба дунё омад. Гумон мекардам, ки бо таваллуди тифл ҷангу ҷанҷолҳои оилаи шавҳарам хотима меёбанд, аммо хаёлам хом баромад. Ҳолам бадтар мешуду беҳтар не. Апаи хурдии шавҳарам, ки бо як фарзанд дар хонаи падараш зиндагӣ мекард, мудом бо ман ҷанг мекард. Ҳарчанд ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меовардам, аммо онҳо нияти бо ман муносибати хуб карданро надоштанд. Аҳли оила шавҳарамро маҷбур мекарданд, ки талоқи маро диҳад.

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду ҷангу ҷанҷолҳои оилаи шавҳарам низ зиёд шуд. Ҳар гуна суханҳои дурӯғ гуфта, маро туҳмат мекарданд. Қисми зиёди одамон гуреза шуда, ба Афғонистон гурехтанд. Мо ҳам чор моҳи аввал дар минтақаи Имом Соҳиб будем, баъдан чор моҳи дигар дар Қундуз мондем. Рӯзе падарам маро ба Таҳор меравем гуфта, ба лаби дарёи Панҷ овард, то ба Ватани худ баргардем. Ду ҳафта дар он ҷо мондем. Дар ин муддат Неъматулло, бародари шавҳарам моро ёфта, ба наздамон омад ва як шаб дар хаймаи мо истод. Ҳамон шаб хеле бо падарам пасту баланд суҳбат карданд, ки маро ҳамроҳашон набаранд. Субҳ маро ба наздашон даъват карданд, то фикрамро шунаванд. Ман ҳам қарор додам, ки ҳамроҳи падару модарам ба Ватан баргардам.

Ҳамин тавр, ҳамроҳи духтарчаам панҷ сол дар хонаи падарам зиндагӣ кардам. Баъди панҷ соли ҷудоӣ шавҳарам бо хонаводааш аз мулки ғарибӣ ба Ватан баргаштанд ва ба хотири ягона фарзандам зиндагиро бо шавҳарам идома додам. Тобистони соли 1998 писари калониам, яъне фарзанди дуюмам ба дунё омад. Тобистони соли 2001 бошад, фарзанди сеюмамро, ки писар аст, таваллуд кардам. Дар хонаи шавҳар келин не, балки ғуломе будам, ки аз субҳ то шом фақат кор мекардам. Шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ буд, вале ман боре ҳам пулҳои ӯро ба дастам намегирифтам. Пулҳои ӯ дар дасти акаву апааш буданд. Ману фарзандонам ба пули шавҳарам ҳақ надоштем. Боз ҳам фарзанд гуфта, тоқат мекардам.

Буданд ҳолатҳое, ки дар зимистони сард хонаи мо бухорӣ (печка) надошт. Ба гармиву сардӣ нигоҳ накарда, корам фақат таппаккунӣ буд, то дар рӯзҳои сарди зимистон бемалол истифода барем, аммо дар зимистон аз гармӣ ману фарзандонамро маҳрум мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки фарзанди дуюмам дар ҳаштмоҳагиаш бемор шуд. Шавҳарам кӯдаки беморро монда, ба Русия рафт. Касе дар он хона ба ману кӯдаки беморам аҳамият намедод. Хусури раҳматиам ҳоли ману фарзандонамро дида, моро ба хонаи падарам бурд. Падарам дарҳол кӯдаки беморамро ба назди духтури кӯдакона бурд, ки дар деҳаи мо зиндагӣ мекард.

Духтур фарзандамро аз назар гузаронида, маро сарзаниш кард, ки чаро дар вақташ ба табиб муроҷиат карда, табобатро сар накардаам. Ман фақат мегиристам, чун чораи дигар ба ғайр аз ашк рехтан надоштам. Субҳи рӯзи дигар кӯдакро ба беморхона бурдем. Табибон дар вуҷуди кӯдакам 12 намуд бемориро ташхис карда, маро ҳамроҳи фарзандам дар бемористон бистарӣ карданд. Духтурон кори аз дасташон меомадаро мекарданд, аммо ҳоли фарзандам ҳеҷ хуб намешуд. Чизе намехӯрд ва мисли чӯб хушк шуда буд. Баъди 15 рӯзи табобат дар беморхона, духтур маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки дигар коре карда наметавонанд ва маслиҳат дод, ки фарзандамро ба беморхонаи Қарияи Боло барам, зеро онҳо шири махсусе доштаанд, ки бо он кӯдакамро наҷот додан имкон доштааст.

Дар Қарияи Боло табобати фарзандамро як табиб аз Ҳиндустон ба ӯҳда гирифт. Баъди чор моҳи табобат ҳоли писарам рӯ ба беҳбудӣ овард. Вақте кӯдакам вазн гирифту шифо ёфт, ҳангоми аз бемористон мураххас шудан фаҳмидам, ки дар батнам боз думоҳа кӯдак дорам. Исқоти ҳамл кардан хостам, аммо табиби ҳинд иҷозат надод. “Мо занҳоро табобат мекунем, ки кӯдаки солим ба дунё оранд, ту бошӣ, тифли солимро исқоти ҳамл мекунӣ” гӯён, садди роҳам шуд. Ҳамшираҳои шафқат, ки дар беморхона кор мекарданд, ба ман мегуфтанд, ки тифламро таваллуд карда, ба онҳо диҳам, худашон калон мекунанд, аммо дилам нашуд.

Хулоса, исқоти ҳамл накардам ва ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2002 писари сеюмам, яъне чорум фарзандам ба дунё омад. Ӯ дар ҳақиқат солим ва хеле чусту чолок буд. Як писарам, ки аз хунукӣ бемор шуда буд, баъди ба дунё омадани ин писарам амаки шавҳарам ба ҳеварам гуфт, ки “Ба кӯдакони акаат як печка харида деҳ, айб аст, мардум ба ҳолатон механданд”. Ҳеварам бо пули шавҳарам печка харида бошад ҳам, ман ҳаққи алоб карданро надоштам. Дар як рӯз ҳамагӣ як маротиба оташ меафрӯхтаму бо ҳамин тамом. Як рӯз кӯдаки навзодамро, ки чор моҳа ва илова бар ин, хеле шӯх шуда буд, ба гаҳвора бастан хостам. Ӯ шӯхӣ карда, қарор намеистод. Аз пойҳояш кашида, зудтар бастан хостам, то хона хунук нашавад. Садои гиряи кӯдак маро ба худ овард. Ӯро ором карда, хобонидам, аммо диламро сиёҳӣ пахш кард.

Аз байн ду рӯз гузашту пойҳои кӯдакро маҳс кунам гӯям, пояш аз зону қат намешавад. Дастамро ба пояш расонам, фиғон мекашад. Зуд ба хусуру хушдоманам хабар додам, аммо онҳо бепарвоёна “намедонем” гуфтанд. Чӣ кор карданамро намедонистам. Ҳатто ҳамсояҳоро намешинохтам, ки кӯдакамро ба назди онҳо барам. Аз миёни кӯдаконе, ки дар кӯча машғули бозӣ буданд, якеро роҳбалад гирифта, писарамро ба хонаи ҳамсояи рӯ ба рӯ бурдам, зеро ӯ ин гуна бемориҳоро мефаҳмидааст. Ҳамсоязан баъди муоина гуфт, ки пои кӯдак аз чанд ҷой осеб дидааст ва се рӯз табобат кард. Баъди табобати ҳамсоя пои кӯдак қат мешудагӣ шуд. Баъд зани ҳамсоя маслиҳат дод, ки барои бехатарӣ як маротиба ба духтур ҳам муроҷиат кунам.

Ба хушдоманам гуфтам, ки кӯдакро бояд ба беморхона барам, аммо ӯ ба ҷои иҷозат додан, ҳамсоязанро туҳмату дашном кард. Ночор ба хонаи падарам рафтам. Падарам кӯдакамро ба беморхонаи марказӣ бурд ва ӯро ба табиби осебшинос нишон додем. Табиб гуфт, ки кӯдакро бистарӣ карда, табобат гирем, аммо ман розӣ нашудам. Метарсидам, ки Худо накарда, дар беморхона ба кӯдак чизе шавад, ба балои бади хусуру хушдоман ва шавҳарам гирифтор мешавам. Писарам шашсола шуду ба забони ҳол омада, ба падараш гуфт, ки “Дада, поям дард мекунад, маро ба беморхона бар”. Шавҳарам кӯдакро ба беморхонаи Қарияи Боло бурд ва амалиёташ бомуваффақият анҷом ёфт.

Ҳамин тавр, соли 2005 фарзанди панҷум (духтар) ва соли 2010 фарзанди шашумам (духтар) ба дунё омаданд. Соли 2006 вақте ба хонаи падарам ба меҳмонӣ рафтам, кӯчи маро бародари хурдии шавҳарам бо фармони бародари калонии шавҳарам аз ноҳияи Вахш ба ноҳияи Ҷайҳун бурда партофт. То ҳол дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунам ва дар ҳамин ҷо низ ба ман рӯзи хуш нишон намедиҳанд. Аз фишори зиёд бемор шудаам. Ба болои ин, шавҳарам зани дигар гирифт ва ҳоло ду духтарча дорад. Барои зану духтарҳояш дар шаҳри Душанбе хона харид ва ман ҳамоно бо шаш фарзандам сарсону саргардон дар як хонаи вайрона зиндагӣ дорем.

Ду духтари хурдиям ҳатто шаҳодатномаи таваллуд надоштанд, бо даводави зиёд барои онҳо шаҳодатнома гирифтам. Як писарамро, ки соли таваллудаш 2002 аст, бояд ду сол пеш пояшро ҷарроҳӣ мекарданд, аммо аз нодорӣ ин корро карда натавонистам. Имсол бояд ҷарроҳӣ кунанд, вагарна маъюб мешавад. Бояд ба донишгоҳ дохил шавад, вале саводи кофӣ ҳам надорад. Шиноснома гирифтан хостам, аммо шаҳодатномаи таваллудаш қалбакӣ будааст. Расо ду моҳ давутоз карда, ҳуҷҷатҳояшро тахт кардам. Зиёд мехоҳам, ки фарзандони хурдиам ба мактаб раванд, илм омӯзанд. Худам дар зиндагӣ азоб кашидам, намехоҳам, ки онҳо ҳам мисли ман азоб кашанд.

Ду писари калониам тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд, аммо аз нодорӣ таҳсил карда натавонистанду ба Русия рафтанд. Хонае, ки ҳоло зиндагӣ мекунам, сертификат надорад. Ин ҷоро фурӯхта, ба ҷое рафтан мехоҳам, ки фарзандонам илм омӯзанд. Алименте, ки шавҳарам ба фарзандонам медиҳад, ночиз аст, худам дар ҷое кор намекунам, чун маълумот надорам. Хонаи вайронаам як дард, фарзандони хурдсолам дарди дигар, барои ғариббачаҳоям алоҳида месӯзам. Дуо мекунам, ки соқу саломат баргарданд. Гоҳ мегирям, гоҳе механдам, гоҳе аз зиндагӣ дилсард мешавам, гоҳи дигар чун кӯҳ устуворам. Аз кулли хонандагони ҳафтаномаи “Оила” хоҳиш мекунам, ки маслиҳатҳои худро аз ман дареғ надоранд, то аз гирдоби зиндагӣ роҳо ёбам.

Интизори зангҳову маслиҳатҳои шумоям. Рақами телефон: 93 101 40 58

 

Бо эҳтиром,

модари ҳайрону зор

Давлатова Муқад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД