Солҳои наваддум. Оташи ҷанги бараҳмонаи бародаркушӣ дар кишвари мо аланга зада, ҳар кас барои ҷон ба саломат бурдани худ мекӯшид.
Гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои расидан ба ҳадафи нопоку муғризонаи худ аз ҳеҷ амали ваҳшиёна даст намекашиданд. Маҳз дар ҳамон замони ноором ва нобасомон миллати тоҷик беҳтарин ҳунармандон, рӯзноманигорон ва шахсиятҳои бузурги худро аз даст дод. Ҷанги бародаркушӣ ҳазорон-ҳазор ҷавнмардони тоҷикро шаҳид, ҳазорон-ҳазор занро бева ва даҳҳо ҳазор кӯдакони бегуноҳро ба азоби ятимӣ гирифтор кард. Модарони фарзандгумкарда мисли абри навбаҳор дар сӯги ҷигарбандони ғуррамарги ғарқа дар хуни худ ба сахтиҳо ҷон додаашон зор-зор менолиданду занҳои аз бахт бенасиб гашта рӯю мӯй карда мегиристанд, кӯдакони маъсум бошанд, ба як пора нон зор буданд. Дар фазои кишвар танҳо ҳамин нолаи дардолуд танинандоз буд:
Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,
Дар кишвари гулгункафанон раҳ накушояд,
Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд,
Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд,
Хун мечакад аз хоки шаҳидони Ватан вой,
Эй вой Ватан, вой Ватан, вой Ватан, вой...
Дар байни фарзандони ин сарзамини мотамзада мардони бо ору номус ва ватандӯсту ватанпарвар зиёд буданд ва маҳз бо талошҳои ҳамин фарзандони далеру шуҷоъи Ватан ҷаҳолат саркӯб гашта, ба ҷанги хонумонсӯзи бардаркушӣ хтима гузошта шуд ва дубора сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдор гашт. Дар миёни ҳазорҳо мардони шуҷоъ Талъат Мирусмонов низ барои оромии кишвар ва несту нобуд кардани гурӯҳҳои манфиатхоҳу ҷоҳталаб мардонавор ба майдон баромада, дар ин набард ҷони ширини худро аз даст дод ва ҷоми шаҳодат нӯшид. Дар бораи корнамоиҳо ва марги пурфоҷиаи Талъат Мирусмонов модараш Муҳаббат Салимова ба мо нақл кард.
Талъат аз чӣ ҷигархун мешуд?
Талъат Мирусмонов пас аз он, ки ба қисми ҳарбии шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон ба экскурсия меравад, дар дилаш нисбат ба афсари шавйқу завқ пайдо шуда, дар назди худ мақсад мегузорад, ки афсар шуда, ба халқу Ватан хизмат менамояд. Модараш ин азми ватандӯстонаи ӯро тарафдорӣ карда барои афсар шудани писараш розигӣ медиҳад. Тавре, ки худи холаи Муҳаббат нақл мекунад:
-Талъат пас аз он ки аз экскурсия баргашт, гуфт, ки танкист мешавам ва ман ҳамчун модар ӯро дастгирӣ кардам. Чор сол дар Чирчиқ таҳсил кард, баъд ҳамчун танкист ба Федератсияи Русия сафар кард. Вақте дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ сар шуд, писарам барои ҳимояи меҳан ба Ватан баргашт. Талъат 26-сола буд, ки дар баталиони таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ба адои хизмат пардохт. Вазъият бисёр вазнин буд, мардум як лаҳза ҳам бо хотири ҷамъ зиста наметавонистанд. Аз як тараф нооромӣ, аз ҷониби дигар қаҳтию норасоии хӯрока мардумро ба танг меовард, барои як пора нон одамон соатҳо ба навбат меистоданд ва ҳатто чандин нафар дар навбати нон қурбони тиру туфанг гашта, ҷони худро аз даст доданд. Талъат бадбахтии ҳамдиёронашро дида, ҷигархун мешуд, барои ҳамин ҳамчун марди ҳақиқӣ барои дифоъи Ватан сина сипар кард. Далериву шуҷоати писари ғуррамарги маро бо сухан тасвир карда намешавад...
Озод кардани шаҳри Қӯрғонтеппа
Оташи ҷигарсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ дар Вилояти Хатлон аз ҳама баландтар аланга мезад. Шаҳри Қӯрғонтеппа қисман дар муҳосираи душман қарор дошт. Талъат Мирусмонов вақте ба Тоҷикистон баргашт, аввал дар қисми ҳарбии № 108-и шаҳри Душанбе ва баъдан дар қисми ҳарбии вилояти Хатлон адои вазифа кард. Чуноне ки модари қаҳрамонамон нақл мекунад:
-Талъатҷон солҳои 1991-1994 барои ҳимояи озодии Ватан ва сохти Конститутсионӣ фаъолона иштирок карда, барои аз муҳосираи душман озод кардани шаҳри Қӯрғонтеппа бо танк мардонавор ба майдон баромад ва дар як муддати кӯтоҳ бо номи "Толики танкист" шӯҳрат пайдо кард. Вай қаҳрамонона бар зидди бадхоҳон меҷангид ва ярадор ҳам шуд, вале пас аз якуним моҳи табобат боз бо танк муқобили душман баромад. Азбаски бисёр дар самти Душанбе-Хуҷанд равуо мекард, тез-тез ба аёдат меомад. Ҳар гоҳ писарам аз дар дарояд, хона пур аз меҳмон мешуд, гӯё маъракае бошад. Барояш аз шаҳри Қӯрғонтеппа духтараки зеберо ёфта арӯс фотиҳа кардем. Писарам мегуфт, ки ба озод шудани шаҳри Қӯрғонтеппа камтар вақт монд. Ҳамин моҳи Рамазон барояду вазъият камтар тинҷ шавад тӯй мекунем, вале афсӯс, ки орзуҳои ширини Талъати ман ҷомаи амал напӯшиданд....
Ормони ба хок рафта
Дар замони ҷанги дохилӣ ҳар кӣ байни ҷамъият обрӯву нуфуз дошт, дарҳол душманон аз пайи несту нобуд карданаш мешуданд. Талъат Мирусмонов, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун танкист ном бароварда буд, душманони зиёде дошт ва онҳо дар фикри чи тавр аз байн бурдани ин ҷавони бо нангу номус буданд. Оқибат душманонаш ба мақсади нопоки худ расиданд. Чуноне, ки Муҳаббат Салимова нақл мекунад:
-Талъатҷон, ки танкисти номӣ буд, бисёриҳо ба ӯ муроҷиат мекарданд. Рӯзе ба писарам занг зада мегӯянд, ки танк вайрон шудааст. Талъат бе ягон яроқу аслиҳа барои дуруст кардани танк меравад, охир бечора писарам аз куҷо медонист, ки вайроншавии танк фақат як баҳона ва доми душманон аст, барои несту нобуд карданаш...
Талъат Мирусмонов вақте ба ҷойи таъиншуда меравад, якбора 12 душман ӯро пешвоз мегиранд. Ҳарчанд кӯшиш мекунад, ки аз ҳалқаи онҳо раҳоӣ ёбад, наметавонад. 12 нафар мисли як галаи калони гургони одамхӯр ба Талъати танҳо ҳуҷум карда ӯро бераҳмона мезананд ва 27 тирро дар бадани Талъат холӣ мекунанд.
Ҳамин тавр Талъат Мирусмонов дар ин набарди номардонаи душманон заҳри шаҳодат чашида қаҳрамонона ҳалок мешавад.
Барои расидан ба чунин рӯзҳои озодиву ободӣ ҳазорон нафар ба мисли Талъат Мирусмонов қурбон шудаанд. Имрӯз мо ки дар фазои озоди истиқлол ва тинҷиву оромӣ зиндагӣ мекунем, бояд шукронаи Ватан намуда, бо нигоҳ доштани сулҳу субот рӯҳи абармардони миллатро шод намоем.