arzon replenishment
Шабнами Тоҷиддин ва Шоираи Раҳимҷон як тим шуданд
363


Шабнами Тоҷиддин, сарояндаи зебову хушовозӣ тоҷик се рӯз қабл дар ютуб-канали “ Sooroosh media ” таронаи навашро бо унвони “Биборум” пешкаши мухлисони таронаҳои эстрадӣ гардонд. Клиптаронаи мазкур хеле ҷаззобу дилнишин буда, дар бадали се шабонарӯз ин сурудро зиёда аз 145 000 нафар тамошо кардаанд.

Таронаи мазкур самари ҳамкории эҷодии ду бонуи зебову пурҳунари тоҷик мебошад. Шеър ва оҳанги ин суруди ҷаззоб ба яке аз беҳтарин шоир ва оҳангсозони замони нав Шоираи Раҳимҷон тааллуқ дошта, Шабнами Тоҷиддин ин таронаро бисёр дилнишин ва ҷолиб сурудааст. Клип дар дохили толор бо ороиши ғайри муқаррарӣ сабт шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Шабнами Тоҷиддин фарзанди ҳунарманди нотакрори тоҷик зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддинов буда, баъди сари падари пурҳунараш пайроҳаи нотамоми ӯро идома медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД