Шабнами Сурайё, овозхони 38-солаи тоҷикро мухлисонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ороиши нозебои рӯю мӯй ва сару либоси номувофиқаш танқид кардаанд.
Овозхон чанд муддат аст, ки аксҳои ҷадиди худро бо ороиши ғайриодии рӯю мӯй ва сару либоси аврупоии номувофиқ дар шабакаҳои иҷтимояш мегузорад, ки боиси сару садоҳои зиёд шудааст. Ин ороишҳо маҳсули дасти Лидия Андре, тарроҳ ва ороишгари ӯзбек мебошад, ки бо бисёр сарояндаҳои тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Нигина Амонқулова, Меҳрнигори Рустам ва дигарон ҳамкорӣ дорад. Шабнами Сурайё аз Лидия Андре барои чунин ороишҳои диққатҷалбкунанда миннатдор аст, вале мухлисони овозхон мегӯянд, ин навъи ороиш ва сару либос хоси Шабнам нест.
“Шабнам! Ман шуморо ҳурмат мекунам, садоятон писандам аст. Ба ороишгари худ бигӯед, ки чунин чизҳои нолозимро дар рӯйи шумо начаспонад. Ин ҳусни зебои шуморо коста мегардонад”,-навиштааст нафаре бо номи Кимиё. “Шабнамҷон, шумо идеали ман ҳастед. Ба тарроҳатон бигӯед, ки ба сару либосатон диққат диҳад. Баъдан, ба рӯятон чунин чизҳоро начаспонед. Шумо бе ҳамин ҳам зебоед”,-навиштааст нафари дигаре, ки Шаҳло ном дорад. Ҳамин тариқ, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ороиши рӯю мӯй ва сару либоси Шабнам эрод гирифтаанд, аммо худи овозхон то ҳол вокунише ба ин эродҳо нишон надодааст.