formula
Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова ба тарбики донишҷӯёни ДМТ омаданд
712

 Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова ба тарбики донишҷӯёни ДМТ омаданд.

  Имрӯз дар “Маҷмӯаи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон проффесор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвахт ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат соли нави милодӣ бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Ровиёни маҳфил бо таманниёти неки солинавӣ чорабинии мазкурро ҳусни оғоз бахшиданд, баъдан ректори донишгоҳ тамоми ҳозиринро бо соли нави милодӣ табрику муборакбод намуда, аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли 2023 ёдовар шуд. Аз ҷониби Пешвои миллат ба ифтихори соли нав ба 120 нафар донишҷӯёни ятими кул ва ҷавонони маъюб, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд  ректори ДМТ тӯҳфаҳои солинавӣ ва маблағҳои пулӣ ҳадя кард. Ҳамзамон барои фарзандони устодоне, ки дар ин боргоҳи маърифат ба донишҷӯён илму дониш меомӯзанд, тӯҳфаҳои солинавӣ дода шуд.

Дар ин маҳфили зебои ҳунарӣ ҳунармандони театри миниатюрии "Оина" ҳузур доштанд ва бо саҳначаҳои намакини ҳаҷвиашон хотири ҳозиринро шод гардонданд.

Ҳузури Бобои Барфӣ ва Барфак ба маҳфил фазои сеҳролудае ато намуда, табъи ҳозирин аз шунидани таронаҳои марғуби ситораҳои санъати тоҷик аз қабили Нигина Амонқулова ва Шабнами Сурайё болида гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД