Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи кишвар номаи ба унвони худ навиштаашро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр кардааст. Ӯ худро дар мактубаш “сарчашмаи муҳаббату хушбахтӣ” ва “беҳтарину азизтарин” ном бурдааст. “Ҳамааш хуб мешавад.
Бидон, ки ту беҳтарин ва азизтарин ҳастӣ. Хавотир нашав. Ҳама чиз муваққатист. Ту ҳамаро таҳаммул карда метавонӣ. Танҳо инро бидон ва бовар кун. Худо ҳамеша бо туст. Ту таҳти назорати ӯ ҳастӣ. Дар худ мушкилиро ҷустуҷӯ накун. Фақат бидон, ки ту мӯъҷиза ҳастӣ. Бале, зиндагӣ мушкил, аммо ҷолиб аст. Онро барои он ба ту ҳадя кардаанд, ки худро нишон бидиҳӣ. Касеро айбдор ва танқид накун. Дар чунин лаҳзаҳо фаромӯш мекунӣ, ки дар вуҷуди ту нур аст. Муҳим нест, ки чӣ рух медиҳад ё аллакай рух додааст. Муҳим он чӣ аст, ки дар дохили ту рух медиҳад. Бо худ дӯст шав. Аз арзишҳои худ огоҳ бош. Тамоми мунаққидони ботини худ, тамоми камбудиҳо, тамоми гузаштаи худро қабул ва ба пеш ҳаракат кун, имкониятҳои ҳаётро бипазир, аммо дар якҷоягӣ бо худ. Дар ту меҳр, муҳаббат, нур, хушбахтӣ ва дӯстдорӣ ба қадри кофӣ ва ҳатто аз он зиёдтар ба назар мерасад.
Ту ҳамаи инро дар худ дорӣ. Танҳо чизе ки ба ту лозим аст, ин муҳаббат ва хушбахтӣ мебошад. Аммо ҳақиқати ҳол он аст, ки ту инро ҳам аллакай дорӣ, ту сарчашмаи муҳаббат ва хушбахтӣ ҳастӣ. Худро эҳтиёт кун”,-навиштааст, овозхон. Шабнами Сурайё аз зумраи шинохтатарин ва муваффақтарин овозхон миёни санъаткорони кишвар ба ҳисоб меравад, ки ӯро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупову Амрико гӯш мекунанду мешиносанд. Мухлисонаш дар зери нома хоксорӣ взиракии овозхонро тавсиф кардаанд.