arzon replenishment
ШАБНАМИ СОБИРӢ АЗ ШАВҲАРАШ ҶУДО ШУД?
06.09.2021
Оила
6563

Шабнами Собирӣ, овозхони 35-солаи тоҷик, охири ҳафтаи гузашта клиптаронаи ҷадидашро, ки дар манзараҳои зебои шаҳри Ҳисор сабт шудааст, интишор кард.

Намоҳанг “Монш брава” унвон гирифта, аз ҷониби маркази продюсерии “Tojikon Holiday”, ки ба шавҳари овозхон , продюсери 36-солаи тоҷик Мансур Нигматов тааллуқ дорад, сабт шудааст. Матни суруд моли шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев буда, ба он оҳангсози шинохта Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст. Банду басти сурудро Шароф Шакарӣ ва ороиши рӯю мӯйи овозхонро ороишгар Мавзуна анҷом додаанд. Клиптаронаро аз рӯзи нашраш то ҳол дар саҳифаи “T Music Awards” дар шабакаи YouTube зиёда аз 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Шабнами Собирӣ тариқи суруд аз рафтани ёри бевафову булҳавасаш изҳори хушнудӣ кардааст. Баъзе корбарон баъди тамошои клиптарона навиштаанд, ки овозхон аз шавҳараш ҷудо шудааст ва ин суруд маҳз ба Мансур Нигматов дахл дорад. Аммо овозаи ҷудо шудани Шабнам ва Мансур, ки зиёда аз 10 сол боз бо ҳам зиндагӣ мекунанду соҳиби се фарзанд ҳастанд, асоси воқеӣ надорад. Шабнам пайваста дар мусоҳибаҳояш қайд мекунад, ки на ҳар суруде, ки ӯ месарояд, ба ҳаёти шахсияш алоқамандӣ дорад.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД