Дар ноҳияи Панҷ бар асари борони сел ҳудуди 100 хона зиён дидааст. Дар ин бора Маркази матбуоти раиси Вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Бар асари борони шадид ва омадани сел шаби 4-уми апрел дар ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон зиёда аз 100 манзили сокинони маҳаллӣ зиёд дид. Офати табиӣ асосан ба деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинов осеб расонида, хонаҳои сокинони ин деҳа аз обу гил пур шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷойи ҳодиса дидан намуда, ҷиҳати ташкил кардани штаби кӯмак ба осебдидагони офати табиӣ ва андешидани чораҳои фаврӣ баҳри ҳарчи зудтар тоза кардани хонаҳои сокинони маҳаллӣ аз лойобаву гил ва дигар ифлосиҳо супоришҳои қатъӣ дод. Ба зарардидагони офати табиӣ кӯмакҳои зарурӣ расонида мешаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар такя ба маълумотҳои Маркази обу ҳавошиносии кишвар хавфи то санаи 7-апрел такрор шудани чунин офатҳои табииро дар ноҳияҳои кӯҳии Вилояти Хатлон, Вилояти Суғд, Бадахшон ва навоҳии тобеъи кишвар пешгӯӣ карда, ҳушдор додааст, ки эҳтимоли омадани сел ва якбора баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Яхсу, Қизилсу ва канали Ҳисор вуҷуд дорад, бинобар ин дар ин рӯзҳо аз моҳидорӣ, рафтан ба соҳили дарёву рудҳо, баромадан ба кӯҳ, ҳезумчинӣ, ҷамъоварии хоч, сиёҳалаф, чукриву торон ва дигар амалҳои хатарнок худдорӣ намоед.