Commerc banl
Се далели идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шуд
24.02.2026
Oila.tj
114

Кормандони бозрасии милитсияи пойтахт се далели идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро ба қайд гирифтаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Меликов Идибек - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота», рақамҳои қайди давлатиаш 9999DL10, Гулов Умед - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақамҳои қайди давлатиаш 6161QF10 ва Раҳмонов Икром - ронандаи «Мерседес», рақамҳои давлатиаш м6482р07 дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Нисбати номбурдагон бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД