Sebiston new 2024 october
Сайри рӯзноманигорон дар Боғи интенсивии Рашт
22.08.2023
Мирсаид
380


Имрӯз тибқи нақшаи хатсайри Корвони иттилоотӣ гурӯҳи рӯзноманигорон ба ноҳияи Рашт сафар карданд.

Ҳайати намояндагони васоити ахбори оммаро дар даромадгоҳи ноҳия муовини раис, масъулини мақомоти иҷроия ва фаъолон пешвоз гирифтанд, сипас, онҳо вориди Боғи интенсивии ноҳияи Рашт шуданд. Боғи мазкур 5 сол пеш бо дастури Президенти кишвар аз ҷониби ҶДММ "Пайванд" дар ҳамбастагӣ бо Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Масоҳати умумии боғ 30 гектарро дарбар гирифта, дар он 18 навъи мева, махсусан, анвои гуногуни себу хуч парвариш мегардад. Боғи мазкур аввалин намунаи боғи интенсивӣ дар водӣ буда, ба таври озмошӣ бунёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки сафари рӯзноманигорон ба шаҳру навоҳии минтақаи Рашт аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он шиносоӣ бо дастовардҳои минтақа дар замони Истиқлол мебошад.
Сафари Корвони иттилоотӣ дар минтақаи Рашт идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД