1xbet
Савдои рақамии қулай аз Ориёнбонк ва LakLak Market
19.06.2025
Oila.tj
32

Дар Сарбонки ҶСК «Ориёнбонк» созишномаи ҳамкорӣ миёни бузургтарин бонки тиҷоратии кишвар - Ориёнбонк ва стартапи технологии LakLak Market (ҶДММ «Дастрас Тоҷикистон») ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин ҳамкорӣ - рушди хизматрасониҳои рақамӣ, густариши имконоти савдои электронӣ ва дастгирии инфрасохтори логистикӣ дар саросари кишвар мебошад. Дар доираи лоиҳа, LakLak Market платформаи технологии худ ва роҳҳои логистикиро пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки Ориёнбонк ҳамчун бонки шарик дар ҳисоббаробаркуниҳо амал карда, воситаҳои пардохт ва ҷой барои насби таҷҳизотро фароҳам месозад.

Роҳбари LakLak Market Ифтихор Юсуфӣ мегӯяд, ки «мо як низоми содда ва осони расонидани молро рушд медиҳем. Постаматҳо танҳо ибтидо мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо Ориёнбонк мо мехоҳем, ки онлайн-харидҳо барои ҳар як сокини кишвар воқеан қулай гарданд».

«Мо танҳо хизматрасонии молиявӣ пешниҳод намекунем, мо мехоҳем дар шаклгирии муҳити нави рақамӣ саҳмгузор бошем. Дастгирии ташаббусҳои монанди LakLak қисми муҳими стратегияи мо дар рушди инфрасохтори рақамии Тоҷикистон аст»,- мегӯянд масъулини Ориёнбонк.

Тавре зикр мегардад, ҳамгироии LakLak бо воситаҳои пардохтии Ориёнбонк раванди пардохтро осонтар ва харидро боз ҳам дастрастар мегардонад. Барои фурӯшандагон ин имкони рушди фаъолият бо хароҷоти кам ва барои харидорон бошад, интихоби бештар ва чандирии зиёдтарро фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД