Sebiston new 2024 october
Саудӣ ба кишоварзӣ, энергетика ва туризми Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
1270

Шоҳигарии Арабистонӣ Саудӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва туризм изҳор намудааст.

Ин нукта зимни суҳбати маҷозии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо вазири сармоягузории Шоҳигарии Арабистонӣ Саудӣ зикр гардидааст.

Бино ба иттилои кумита, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, таваҷҷуҳи ҷониби Саудӣ ба Тоҷикистон ва тақвияти муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

- Раиси Кумита лоиҳаҳоеро, ки айни замон аз ҷониби фондҳои Саудӣ дар кишвар сармоягузорӣ шуда истодаанд, қаноатбахш гуфта, барои сармоягузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок низ даъват ба амал оварданд. Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа масъалаи тадорукотии баргузории Саммити сармоягузорию иқтисодии “Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ - C5 GCC”, ки баргузории он санаи 29-уми майи соли 2024 дар Риёз ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокимаронии ҷонибҳо қарор гирифт,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД