Sebiston new 2024 october
Сарвиноз Юсуфӣ: Шавҳарам барои пули ночиз маро тарк кард
1166


“Агар як шавҳари баномус дар бари ман мебуд, шояд ман дубора барнамегаштам. Муддате, ки модари ман бемор буд, дар бемории модарам бо як баҳонаи кучаке моро тарк карду рафт. Танҳо бо як занги телефонӣ, дар ҳамон лаҳзае, ки модари ман бемор буд ва он он қадар ҷанҷол ҳам накардем, ба хотири як пули ночизе набуд, каме нофаҳмӣ шуд. Ҳамон хел рафт, ҳатто дар ҷанозаи модарам наомад, ҳатто дар ҷанозаи бародарам ҳам наомад. “

Ин сатрҳоро Сарвиноз Юсуфӣ, сарояндаи тоҷик дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев нақл кард. Ӯ кӯшиш мекард, ки дигар барои касе ё чизе ашк нарезад ва махсусан ба ин ҳолатро ҳам дар барнома қайд кард, вале шикасту печидагиҳои зиндагӣ, ноадолатиҳои ҳаёт, тӯҳматҳову латма задан ба обрӯю зиндагиаш гиря гулӯгираш мекарду чашмонаш то охири барнома обӣ буд.

"Сарвиноз ду сол рӯи саҳнаи тоҷик набуд, пас марги пай дар пайи азизонаш аз маъракаҳо дур карда буд ва ҳар вақте барои модараш ё бародараш сухан мекард, ашкҳояш ҷорӣ мешуданд ва ҳар бинандаро бетаъсир намегузошт. Ӯ тасмим гирифт, ки беашк сухан мегӯяд, аммо..."

Яке аз нуқтаҳои асосии сӯҳбати ин ҳунарманди тоҷик баҳси мерос бо пайвандонаш буд. Сарвиноз мегӯяд: Тамоми “ Як ҳавлӣ доштам ва дар он сохтмони хонаи се ошёна карда будам ва ҳатто дар поёнаш як мағоза карда будам. Чӣ қадар меҳнат кардам, заҳмат кашидам бо хуни ҷигар онро обод кардам. Дар баробари ин, рӯзгори тамоми хешу таборонам бар зиммаи ман буд.

Ҳамаи дӯстони ман инро медонанд. Модарам бисёри вақт бо ман зиндагӣ мекард. Аз он ки модарам бемор буд, барои муолиҷааш пул наёфтам ва хонаро ба фурӯш гузоштам ва бо пули ночиз фурӯхтам. Баъд аз ин модарам ҳавлиашро ба номи ман гузаронд. Он қадар хонаи калон набуд. Мо дар оилаи коргар ба дунё омадем ва мо аз оилаҳои сарватманд ҳам набудем, зиндагии одди доштем. Хонаашро ба ман мерос гузошт.

Ҳамон вақт ҳама хомӯш буданд касе ягон аксуламал ҳам накард. Аз сабаби он ки тамоми бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашидам, касе ҷуръат ҳам накард чизе гӯяд дар ин маврид. Бовар кунед, бо одамон зиндагӣ мекунӣ дар рӯй тавре ниқоб мекашад, ки намешиноседаш. Беҳуда намегӯянд, ки барои шинохти одам зарур аст, ки бояд як линча намакро бо ҳам хӯред, тасаввур кунед, ки чӣ қадар вақт лозим аст.

Хулоса, вақте хонаҳо дар тарҳи хонасозон афтод, иштироки ман барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳо зарур буд ва ман дар Маскав баргаштам ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр ҳуҷҷатҳоро дуруст кардем. Барои ман осон набуд аз хонаи модар рафтан. Вақте хонаҳоро чаппа карданд, чанд борҳо рафтам болои он харобаҳо...

Тавре ин сароянда қайд кард, аз байн ду моҳ гузашт, даъво кардан сар шуд. Зани ҳамон бародаре, ки аз дунё гузашт, ҳақашро талаб кард, болои сарам зулм карданд, тӯҳмат карданд, ки хонаҳоро ту гирифтӣ. Ҳатто тӯҳмат карданд, ки гиряҳои Сарвиноз на хатори модарашу бародараш буд, ба хотири пул буд, Орзу Исоев ба Сарвиноз пул дод ва Сарвиноз ба хотири пул гиря кард.

Сарвониз қайд кард, ки дар нисбати ҳамагуна бадиҳо, зулму ситамҳо кори баде мекунам, тасаввур мекунам, ки чунин одам барои ман дигар вуҷуд надорад.
Сарвиноз Юсуфи яке аз сарояндаҳои тоҷик ва шинохта миёни мухлисону ҳаводоронаш аст, ки ду соли охир кунҷи танҳоиро ихтиёр кард ва баъд аз ин фурсат дубора баргашт ба саҳна ва унам ба хотири пешбурди зиндагӣ. Маҳз ин нуқтаро қайд карданаш ҳам ҳамин буд, ки агар шавҳари баномус медоштам, шояд дубора барнамегаштам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД