Sebiston new 2024 october
САРВИНОЗ ЮСУФӢ МОТАМ ДОРАД
7325

Дишаб модари сарояндаи шинохтаи кишвар Сарвиноз Юсуфӣ, ки солиёни дароз аз бемории саратон ранҷ мекашид, аз олам даргузашт.

Сарвиноз ахиран хабар дода буд, ки модараш сахт бемор аст ва наметавонад муддате дар саҳна баромад кунад. Ин нуқтаро овозхон дар барномаи «Ногуфтаҳо»-и Орзу Исоев қайд карда буд. Ба гуфтаи ӯ, модараш соли гузашта, баъди зиёрати хонаи Худо ва адои Ҳаҷ аввал ба бемории фаромӯшхотирӣ ва баъдан ба бемории саратони ҷигару рӯда гирифтор шудаву то ина дам аз ин дард ранҷ мебурд. «Соли гузашта модарамро ҳамроҳи падарандарам ба зиёрати хонаи Худо фиристода будем. Худо қабул кунад, нағз рафта омаданд. Модарам баъди бозгашт як муддат фаромӯшхотир шуданд. Ба беморхона бурдем ва баъди ташхис маълум шуд, ки гирифтори саратони ҷигар будаанд. Рӯйхати доруҳоро ба дӯстони дар Ҳиндустон будаам равон кардам ва онҳо доруҳои лозимаро ба ман дастрас карданд. Як муддат табобат гирифтанду хостем дубора ташхис карда, аз вазъи саломатиашон бохабар шавем.Ташхиси дубора нишон дод, ки модарам ба саратони рӯда ҳам гирифтор шудаанд»,-бо ашки шашқатор гуфта буд, Сарвиноз Юсуфӣ.

Табибон гуфтаанд, ки агар саратон дар як узваш мебуд, тариқи химиотерапия табобат кардан имконпазир буд, вале дар ду узв, ки ҳаст, кафолати сиҳат ёфтанашро дода наметавонанд.

Сарвиноз гуфта буд, ки модараш бештар ҳамроҳи ӯст ва як сол мешавад, ки аз ин дард ранҷ мекашад, вале то ҳол намедонад, ки гирифтори чунин беморист. Билохира модари сароянда аз ин дарди бедаво дунёро падруд гуфт. Ёдрас мешавем, ки замони 3-сола будани Сарвиноз падараш аз модараш ҷудо мешаваду зани дигар мегирад. Баъдан модари Сарвиноз ҳам ба шавҳар мебарояд ва соҳиби се писару ду духтар (чор фарзанд аз издивоҷи аввал ва як фарзанд аз издивоҷи дувум) мебошад. Падари Сарвиноз низ аз ҳамсари дуюмаш фарзанд дорад, лекин онҳо бо Сарвиноз ва хоҳару бародаронаш робита надоранд. Худи Сарвиноз низ оиладор ва соҳиби ду фарзанд, як духтару як писар аст.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила ба Сарвиноз Юсуфӣ бинобар даргузашти модари азизаш изҳори ҳамдардӣ намуда, барояш дар таҳаммули ин фоҷеа аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил хоҳонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД