Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони 38-солаи тоҷик дар рӯзи нахустини фасли баҳор аз модари раҳматиаш ёдовар шудааст. Ӯ аз мухлисонаш даъват кардааст, ки ба қадри модаронашон бирасанд ва бештари вақти худро бо онҳо сипарӣ кунанд.
“Ту ҳамеша интизори ин фасли сол будӣ, то хонаатро гулкорӣ кунӣ. Ҳар вақте аз хона мебаромадӣ, бо худ навдаи гуле меовардӣ. Имрӯз аввалин рӯзи баҳор аст, аммо дар хонаи мо бӯи баҳор нест. Имрӯз дарк кардам, ки баҳори мо ту будаӣ, очаҷон. Ин баҳор қисмат моро аз ту ҷудо кард ва ту баҳори худро ҳамроҳ ба зери хок бурдӣ, фариштаи нотакрори ман”,-навиштааст Сарвиноз Юсуфӣ дар Инстаграм. “Рӯзҳои охир гӯё сафар карданашро медонист, ки маро ба оғӯш мегирифт ва мебӯсид. Ҳатто чанд соат қабл аз маргаш аз бари рӯям бӯсида буд”,-афзудааст овозхон.
Модари овозхон, ки тӯли чанд соли охир аз бемории саратони рӯдаву ҷигар азият мекашид, санаи 15-уми феврал даргузашт. Табибон гуфта буданд, ки агар саратон дар як узваш мебуд, тариқи химиотерапия табобат кардан имконпазир буд, вале дар ду узв, ки ҳаст, кафолати сиҳат ёфтанашро дода наметавонанд.