Сарвиноз Юсуфӣ, ситораи эстрадаи тоҷик ахиран хабар дод, ки модараш бемор аст ва наметавонад муддате дар саҳна зиёд баромад кунад. Ин нуқтаро овозхон дар барномаи «Ногуфтаҳо»-и Орзу Исоев қайд кард.
Ба гуфтаи ӯ, модараш соли гузашта, баъди зиёрати хонаи Худо ва адои Ҳаҷ аввал ба бемории фаромӯшхотирӣ ва баъдан ба бемории саратони ҷигару рӯда гирифтор шудаву ҳоло аз ин дард ранҷ мебарад. «Соли гузашта модарамро ҳамроҳи падарандарам ба зиёрати хонаи Худо фиристода будем. Худо қабул кунад, нағз рафта омаданд. Модарам баъди бозгашт як муддат фаромӯшхотир шуданд. Ба беморхона бурдем ва баъди ташхис маълум шуд, ки гирифтори саратони ҷигар будаанд. Рӯйхати доруҳоро ба дӯстони дар Ҳиндустон будаам равон кардам ва онҳо доруҳои лозимаро ба ман дастрас карданд. Як муддат табобат гирифтанду хостем дубора ташхис карда, аз вазъи саломатиашон бохабар шавем.
Модари Сарвинози Юсуфӣ бемор аст (Видео)
Ташхиси дубора нишон дод, ки модарам ба саратони рӯда ҳам гирифтор шудаанд»,-бо ашки шашқатор мегӯяд, Сарвиноз Юсуфӣ. Табибон гуфтаанд, ки агар саратон дар як узваш мебуд, тариқи химиотерапия табобат кардан имконпазир буд, вале дар ду узв, ки ҳаст, кафолати сиҳат ёфтанашро дода наметавонанд. Сарвиноз мегӯяд, ки модараш бештар ҳамроҳи ӯст ва як сол мешавад, ки аз ин дард ранҷ мекашад, вале то ҳол намедонад, ки гирифтори чунин беморист. Замони 3-сола будани Сарвиноз падараш аз модараш ҷудо мешаваду зани дигар мегирад. Баъдан модари Сарвиноз ҳам ба шавҳар мебарояд. Ҳоло модари Сарвиноз соҳиби се писару ду духтар (чор фарзанд аз издивоҷи аввал ва як фарзанд аз издивоҷи дувум) мебошад. Падари Сарвиноз низ аз ҳамсари дуюмаш фарзанд дорад, лекин онҳо бо Сарвиноз ва хоҳару бародаронаш робита надоранд. Худи Сарвиноз низ оиладор ва соҳиби ду фарзанд, як духтару як писар аст.