arzon replenishment
Сарвар Ҳамидов барои 500 ҳазор доллар дар мусобиқаи PFL мубориза мебарад
181

Размкори тоҷик Сарвар Ҳамидов дар сабқати PFL World Tournament иштирок намуда, барои ба даст овардани Гран-При-Шоҳҷоизаи мусобиқаи мазкур, ки 500 ҳазор доллари амрикоӣ муайян шудааст, мубориза мебарад.

Даври аввал, яъне даври чорякфиналии Гран-прии PFL дар шаҳри Орландои Амрико рӯзҳои 4, 12, 19-уми апрел ва 3-юми май

баргузор мегардад. Мусобиқоти даври нимфиналӣ рӯзҳои 13, 21 ва 28-уми июн дар назар дошта шудаанд. Даври финалии мусобиқа 2, 16 ва 22-юми август баргузор гашта, ғолибро мукофоти калон дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари амрикоӣ интизор аст. Дар даври чоҳорякниҳоӣ рақибон 3 маротиба (3 раунд) 5-дақиқагӣ мубориза мебаранд. Дар даври нимфиналӣ ва финалӣ 5 муборизаи 5-дақиқагӣ сурат мегирад. Рақобат дар қафасҳои гирдгузашта, дар ҳар даври мусобиқа 8-нафарӣ, дар маҷмуъ 64 размкор ширкат меварзанд.

Номи рақибони паҳлавони тоҷик ва рӯзи ба майдон баромадани Сарвар Ҳамидов, ки дар вазни 61 кг қувваозмоӣ мекунад, ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД