Сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин модар шуд. Дар ин бора худи ӯ дар саҳифаи Инстаграммаш бо нашри чанд акс иттилоъ дод.
Сароянда соҳиби духтарча шуд. Ӯро Оливия ном гузоштаанд. Ӯ духтари коргардон Ладо Кватания аст, ки соле қабл бо Манижа Сангин оиладор шуда буд.
Манижа Сангин соли 1991 дар хонаводаи модари омӯзгори фанни физикаи Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе ва падари табиб ба дунё омадааст. Ҷанги дохилӣ оиларо водор кард, ки ба Маскав бикӯчад ва тавре худи Манижа борҳо гуфтааст, барои бузург кардани ӯву дигар фарзандон, модар ба ҳама кор даст задааст: дар бозор майдафурӯшӣ карда, равонпизишкиро омӯхтааст, ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ ҳам барои таъмини рӯзгораш кумак шуд.
Ӯ мусиқиву забони англисиро омӯхту бо варзиш машғул шуд. Нахустин ҳунарнамоии Манижаи 12-сола дар саҳнаи калон бо тахаллуси эҷодии Ру.Кола сурат гирифт, чун дар талоши пайдо кардани мавқеи худ дар саҳнаи пуррақобати мусиқии замонавӣ буд. Бо вуҷуди мавҷи фишору таҳқирҳо, Манижа ҳамеша гуфтааст, ки зодаи Тоҷикистон буда, бо фарҳангу гузаштаҳояш ифтихор мекунад.
Манижа навозанда, муаллиф ва сарояндаи мустақил аст, ки бо тахаллуси Manizha маъруф аст. Ӯ пас аз нашри видеоиҳои муаллифиаш дар Instagram шуҳрат пайдо кард.
Манижа Сангин то имрӯз ҳамаи сурудҳояшро ба забонҳои русӣ ва англисӣ сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае гуфтааст, ки қасд дорад аввал ба хотири ҷамъ кардани аудитория ба ин забонҳо бисарояд ва баъд ба забони модарияш хоҳад суруд.
Пешниҳоди издивоҷ аз ҷониби Ладо Кватания сурат гирифта буд. Ӯ таҳиягар ва басаҳнагузори таронаи Russian Woman-и Манижа мебошад, ки дар озмуни байналмилалии “Евровидение-2021” Русияро намояндагӣ карда буд.
Ладо Кватанияи 34 сол дорад. Ӯ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад. Кватания то ҷанги Гурҷистону Абхазистон ба Русия рафтуомади зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа нақши муҳим дорад. Ӯ соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи синамои Ню-Йорк таҳсил кардааст.