Аз кӯча гузар мекардам, ки баногоҳ чашмам ба зани гирёне афтод. Ҷавонзан дар лаби ҷуйбор нишаста бад ва мисли одамони ҷунунзада худ ба худ чизе гуфта мегирист. Ҳисси кунҷковиам боло гирифт ва наздиктар рафта пурсидам:
-Апаҷон барои чӣ гиря мекунед?
-Ҷони апа, барои тақдири бадам мегирям,-пичиррос зад зан.
Гумон кардам, ки ҳамсараш фавот карда бева мондааст ё ягон мусибати дигар ба сараш омада, ин ҷавонзанро чунин афгор кардааст, аммо баъд маълум шуд, ки апаи Сайрам шавҳар дошта, дар омҳи охири ҳомиладорӣ қарор дорад, вале аз ин мард ба ӯ суде намерасад. Ба ҳоли ин зани бақавли худаш “шавҳардри бе шавҳар” дару девори хона мегист, зеро...
Як палоси кӯҳнаю се-чор кӯрпачаи нимдошт-ҳамин буд ҳама дороии зан. Аҳволашро дида дилам ба ҳолаш сӯхт. Пурсидам, ки мардакаш дар куҷост ва чаро ба ӯ ёрӣ намерасонад. Апаи Сайрам оҳи сарду пурдарде кашида гуфт:
-Шавҳарам дар назди зани якумаш. Ҷояш гарм, хӯрду хӯрокаш тайёр аст. Магар вай парвои моро дорад?!
Вақте фаҳмидам зани дуюм аст, ба шӯр омада гуфтам:
-О барои чӣ дидаву дониста ба марди зандор ба шавҳар баромадед? Магар ба шумо лозим буд, ки сари бе ҷанҷолатонро дар бало гирифтор созед?
-Талоқашро кайҳо дода буд. Мефаҳмидам, ки ин мардаки аблаҳ боз ба назди занаш бармегардад, мурам ҳам, ҳеҷ гоҳ ба ӯ намерасидам, вале фиребам кард. Бо модараш қасам хӯрд, ки занашро се талоқ кардаасту дигар ёди ӯро намекунад, вале..
-Чанд вақт зиндагӣ кардед?
-Ҳафт сол. Ду фарзанд дорем, боз ҳомиладорам.
Беихтиёр ин савол аз даҳонам баромад:
-Шавҳаратон шуморо тамоман нигоҳубин намекардаст, чи лозим буд аз чунин марди бенангу ор ин қадар кӯдак зоидану ҷони тифлакони бегуноҳро ҳам дар азоб мондан?
-Бори сеюм ҳомила шуданамро дер фаҳмидам. Хостам «аборт» кунам, лаве духтурҳо гуфтанд, ки дер шудааст. Тарсидам, ки мабодо мурда монам, ин ду кӯдакам ҳам сағера мешаванд. Падарашон онҳоро суроғ намекунад, аз модар ҳам монанд, рӯзашон сиёҳ мешавад...
-Шавҳаратон ба зани якумаш хона харидааст ё дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад?-мепурсам аз Сайрам.
-Беномус хонадомод аст. Дар хонаи падару модари занаш зиндагӣ карда истодааст.
-Аз он занаш ҳам фарзанд дорад?
-Бале, чор духтар дорад. Занам бача намекунад гуфта талоқашро дода будааст. Ман ба ӯ ду писар зоидам, вале гул барин бачаҳоямро партофта, боз ба назди ҳамон оилаи якумаш баргашт. Илоҳо ба нохуни писар зор шавад,-ҷавонзан инро гуфта, бо алам гирист.
Дигар ба захмҳояш намак пошидан нахоста, бо Сайрам хайрухуш кардам.
Раҳораҳ суханони ин зани фиребхӯрда дар гӯшам садо медоданд:
-Афсӯс, ки зӯрам намерасад, вагарна шавҳарамро ба дор меовехтам. Ҳаётамро сӯхт ин мардаки фиребгар!