Arzon march 2024
Сарнавишти талхи муҳоҷирзани тоҷик Таҳмина Самадова дар Русия
330

Солҳои охир бархе аз шаҳрвандони кишвари мо ба хотири бархӯрдор гаштан аз имтиёзҳои иҷтимоие, ки дар Русия барои оилаҳои серфарзанд ва табақаҳои камбизоати аҳолӣ пешбинӣ шудааст, ҳамроҳи аҳли оилаашон ба давлати рус рӯ оварда, шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул намуданд. Аммо таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ғарибӣ кӯйи сахт аст ва ба ҷойи манфиат дидан, ғарибонро ҳар лаҳза дар мулки бегона хатаре домангир гашта метавонад. Сарнавишти талхи ҷавонзани тоҷик Таҳмина Самадова, ки дар ҷустуҷӯйи ҳаёти серу пур ва хушбахтона ба Русия сафар карда, ба кунҷи зиндон афтидааст, далели равшани ин гуфтаҳост.

Хабаре, ки валвала барангехт

Аввалҳои моҳи январи соли равон дар расонаҳои русӣ хабаре паҳн гашт, ки намояндагони ҳокимияти давлатӣ дар округи Митиши ба як оилаи серфарзанд аз Тоҷикистон сертификати манзили ройгон тақдим намудаанд. Юлия Купетская, сарвари ҳавзаи шаҳрии Митиши ва котиби бахши маҳаллии ҳизби «Единая Россия» аввалин шуда, дар ин хусус дар телеграм хабар дода, навишт, ки Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов соҳиби 7 фарзанд – 4 писар ва 3 гулдухтари нозанин буда, соҳиби хонаи наву барҳаво хоҳанд гашт.

Таърифҳои болохонадоре, ки ба сари як оила бало оварданд

Ҳамон шабу рӯзҳо ин хабар дар тамоми расонаҳои русӣ давр мезад ва журналистони рус ин оилаи тоҷикро таърифкунон ба осони ҳафтум бароварданд. Аксари расонаҳои Русия шавҳари Таҳмина - Рамазон Раҳимовро ҳамчун падари масъулиятшинос ва фидокор ситоиш намуда, навиштанд, ки таъмини як оилаи калон албатта аз кас қуввату неруи зиёде мехоҳад, вале ба серкориаш нигоҳ накарда, ин марди тоҷик ба тарбияи маънавии фарзандонаш диққати ҷиддӣ медиҳад.

Модари хонадон - Таҳмина Самадова низ аз ин ситоишҳо бенасиб намонда буд. Журналистони рус дар баробари кашидани бори вазнини рӯзгор, ташвишҳои рӯзмарраи зиндагӣ ва тарбияи 7 фарзанди хурдсолаш дар ҷамъомаду корҳои тарбиявӣ дар мактабу боғча ба таври фаъолона ширкат намудан ва дар чандин фондҳои хайриявӣ ба сифати ихтиёрӣ фаъолият доштани Таҳмина Самадоваро хеле ситоиш карданд, аммо...

Ғазаби миллатгароёни рус

Таърифу тавсияи як оилаи серфарзанди тоҷик ва хабари муфтакак, аз ҳисоби ҳукумати Русия соҳиби хонаи нави замонавӣ гаштани онҳо оташи ғазаби миллатгароёни русро барангехта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиёматро қоим карданд. Садҳо нафар дар зери шарҳи хабари додани сертификати манзил ба оилаи серфарзанди тоҷик вокуниши шадид нишон дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекарданд, ки масъалаи мазкурро бозбинӣ намоянд.

Баҳсу мунозираҳо ба ҷанҷоли калони интернетӣ табдил ёфта, оқибат ба сари ин оила бало оварданд.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия зери таъсири вокуниши шадиди миллатгароёнаи ҷомеа аз пайи таҳқиқи ин масъала шуданд ва ин зани тоҷикро бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қаллобӣ ба ҳабс гирифтанд. Ҳамин тавр, ба ҷойи хонаи ваъдагӣ дар Русия ба Таҳмина Самадова ҳукми зиндон “тақдим” намуданд.

20 сол дар Русия зиндагӣ карда, одами худӣ нашуданд...

Таҳмина Самадова ва шавҳараш Рамазон Раҳимов ҳарду шаҳрвандии Федератсияи Русияро доранд. Онҳо дар ин кишвар як солу ду сол зиндагӣ накардаанд. Ба навиштаи расонаҳои Россия волидони Таҳмина тӯли 40 сол дар соҳаи маориф кор карда, барои таълиму тарбияи насли наврас заҳмат кашидаанд. Шавҳараш Рамазон Раҳимов 25 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад, худи Таҳмина бошад, 17 сол инҷониб дар кишвари рус умр ба сар мебарад. Ин оилаи тоҷик 20 соли умри худро дар кишвари рус гузарониданд, аммо “худӣ” шуда натавонистанд. Барои ҷомеаи ин кишвар онҳо бегона буданд ва бегона монданд, ҳамин буд, ки хабари соҳиби хона гаштанашон шуру валвала барпо намуда, оқибат боиси ба кунҷи зиндон афтидани зане гашт, ки 7 фарзанди хурдсол дорад.

Таҳмина Самадоваро ба чӣ айбдор месозанд?

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Митишии вилояти Маскав Таҳмина Самадоваро бо иттиҳоми қаллобӣ ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои сохта ба ҳабс гирифтаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки Самадова ҳуҷҷатҳои сохта тартиб дода, барои муфтакак соҳиби хонаи ройгон шудан даромади иқтисодии шавҳарашро кам нишон додааст. Ин зани тоҷик замони ҳомилагиаш ба фондҳои хайриявии Россия барои кумак пурсидан муроҷиат кардааст ва акнун ин амали ӯро низ, ҳамчун як роҳи фиреби ҷомеаи рус арзёбӣ менамоянд.

Фақат ба мусалмонон хайр мекард...

Таҳмина Самадова маълумоти олӣ дорад ва тавре расонаҳои русӣ навиштаанд, дар баробари тарбияи фарзандонаш ба корҳои хайриявӣ низ машғул будааст. Аммо акнун бархе иддао доранд, ки Самадова танҳо ба мусалмонон кумак мекард, ҳол он ки дар вақташ мардуми славянӣ дасти ӯро гирифта, замони ҳомилагиаш ба вай кумак карда буданд.

10 соли зиндон ба ҷойи хонаи ваъдагӣ?!

Дар сурати исбот шудани айбҳое, ки нисбати Таҳмина Самадова эълон шудааст, ин зани тоҷикро 10 соли зиндон интизор аст. Дар сурати ба маҳбас афтидани ин модари серфарзанд тақдири 7 кӯдаки хурдсоли Таҳмина чӣ мешавад, ҳанӯз маълум нест.

Русия ба киҳо сертификати хона медиҳад?

Гирифтани сертификат барои соҳиби манзили ройгон гаштан дар Русия 2 шарти асосӣ дорад:

1. Тарбия намудани зиёда аз 7 фарзанд.

2. Дар Русия на камтар аз 5 сол зиндагӣ кардан.

Оилаи Рамазон Раҳимов ва Таҳмина Самадова ба ин талаботҳо ҷавобгӯй буданд, вале акнун ба ҷойи хонаи ройгон ба модари хонадон ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Ба каму беши Ватан шукрона кунед!

Беҳуда нагуфтаанд:

Гадо, гар дар Ватан мирад, амир аст,

Амири бе Ватан хору ҳақир аст.

Ба қадри Ватан, ба қадри обу ҳавои беғубор ва ҳар як зарраи хоки Тоҷикистон бирасед ва ба додаву нододаҳои тақдир шукрона карда, аз диёри аҷдодии худ берун нашавед, зеро ғарибӣ сад дарду аламу мулки бегона садҳо ранҷу дарду азоб дорад...

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД