Бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдуло Шарипов аз вазифа озод карда шуд.
Бино ба иттилои раёсати мазкур, бо қарори дигари раиси вилоят дар мувофиқа бо вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Иброҳим Мусозода таъин карда шуд.
Бояд гуфт, ки Шайдулло Шарипов аз 2-юми феврали соли 2022 дар вазифаи сардори Раёсати тандурустӣ фаъолият дошт. То ба вазифаи сардори раёсати тандурустии вилоят дар вазифаи сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият кардааст.
Иброҳим Мусозода қаблан дар вазифаи директори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар кор мекард.
Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон зимни муаррифии сардори нави Раёсати тандурстӣ ба Шайдулло Шарипов барои хизматҳои шоёнаш дар рушди соҳаи тандурустии вилоят аз номи раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят изҳори сипос кардааст.
Ҳамчунин, ӯ сардори нави раёсатро барои ба ин вазифаи пурмасъулият таъин шуданаш муборакбод гуфта, дастур додааст, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рушди соҳа сарф намояд.
- Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад,- гуфтааст Анзурат Абдусаломзода.