arzon replenishment
Сардори Хадамоти алоқа гуфт аз муштариён шикояти зиёд гирифтаанд
440

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ вохӯрдааст.

Дар ин дидор ӯ таъкид кардааст, ки масъулин ҷиҳати тезонидани раванди гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда ва таъмини дастрасии комили шаҳрвандон бо интернети баландсуръат ҳарчӣ зудтар чора андешанд.

"Таъмини дастрасии сокинони тамоми минтақаҳои кишвар бо интернет, тақвияти инфросохторӣ дар низоми бонкӣ  ҷиҳати  пешниҳоди механизми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ аз тариқи ғайринақдӣ, таъмини истогоҳҳои мавҷӣ бо барқи доимӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳ ва талошҳои доимӣ мехоҳанд", - гуфтааст сардори Хадамоти алоқа.

Ӯ супориш додааст, ки ҳамкорӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои моливӣ беш аз гузашта тақвияӣ ёфта, мушкилоту монеаҳо дар сатҳи ҷамоату деҳаҳо бартараф карда шаванд.

 

Бег Сабур таъмини доимии истигоҳҳоро бо мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистон интиқод карда, гуфтааст, аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд гирифтааст.

"Аз ин рӯ, ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик” зарур дониста шуда, ширкатҳои мобилӣ муваззаф мешаванд, ки тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд", - таъкид кардааст ӯ.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода шуд, ки ҷиддан талош намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД