79-солагии Ғалаба бар фашизмро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кулли ҳамдиёрони азиз самимона муборакбод гуфта, чанд далели ҷолибро дар бораи саҳми фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҷанги хонумонсӯз бар зидди адӯи гитлерӣ ва таъмини ғалаба манзуратон месозем.
***
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар иштирок намуданд. Ин дар ҳолест, ки соли 1941 Тоҷикистон ҳамагӣ 1,5 миллион аҳолӣ дошт.
***
Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 100 ҳазор зодагони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.
***
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои корнамоиҳои беназирашон дар майдони набард 54 нафар фарзандони диловар ва далеру шуҷоъи Тоҷикистон бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонида шудаанд.
***
Неъмат Қарабоев аввалин шахс аз Осиёи Миёна буд, ки дар давраи ҶБВ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор гардонида шуд.
***
Саидқул Турдиев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрҷигитов, Ҳайдар Қосимов, Урунбек Ёқубов, Домулло Азизов, Малик Ашӯров ва даҳҳо ҷавонони шуҷоъи тоҷик барои ҷоннисориҳояшон дар мубориза бо фашизми гитлерӣ бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд.
***
Дар давраи ҶБВ дар Тоҷикистон 100 ҳазор сокинони Москва, Ленинград ва Минск паноҳ ёфтанд, ки аз ин шумора зиёда аз 10 ҳазорашон кӯдакони ятим буданд.
***
Ба Тоҷикистон 29 госпитали ҳарбиро кӯчониданд, ки дар онҳо зиёда аз 50 ҳазор сарбозони захмишуда табобат гирифта, дубора ба майдони ҷанг баргаштанд.