Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон бо суръати тез ба сӯи рақамикунонӣ пеш меравад, рушди пардохтҳои ғайринақдӣ на танҳо як навоварӣ, балки зарурият гардидааст. Гузариш ба чунин усули пардохт воситаи муассири коҳиш додани коррупсия, таъмини шаффофияти молиявӣ ва заминаи устувори рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
ТҚҒ “Васл” ҳамчун як шарики фаъоли ислоҳоти молиявӣ, дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, саҳми назаррас мегузорад.
Бо дарки аҳамияти баланди саводнокии молиявӣ ва дастрасии баробар ба хизматрасониҳои муосир, ТҚҒ “Васл” пайваста дар чорабиниҳое иштирок менамояд, ки ҳадафи онҳо вусъат бахшидани пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон аст.
Аз ҷумла, бо ташаббуси ТҚҒ “Васл” ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва як қатор ноҳияҳои дурдаст семинару тренингҳо гузаронида мешаванд. Дар ин чорабиниҳо шаҳрвандон бо усулҳои муосири пардохт, бартариҳои он ва имкониятҳои замонавии молиявӣ аз наздик шинос мешаванд. Ғайр аз ин, кормандони ТҚҒ “Васл” дар доираи ин барномаҳо кортзои Миллии ройгон тақсим намуда, ба саволҳои мардум посухи муфассал медиҳанд.
Имкониятҳое, ки “Васл” дар ин роҳ пешниҳод мекунад:
• Корти Миллӣ — барои пардохти бе фоизи харид ва хизматрасониҳо дар дохили кишвар;
• Корти байналмилалии Visa — барои пардохт на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар ҳама гӯшаи дунё;
• Ҳамёни мобилии Vasl Pay — ки ба шумо имкон медиҳад ҳамаи хизматрасониҳои молиявиро ба осонӣ онлайн пардохт намоед.
Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ — ин як қадами устувор ба сӯи зиндагии муосир, бароҳат ва бехатар аст. Интихоби шумо ба нафъи вақт, маблағ ва амнияти шумост.