Arzon march 2024
Самбӯса аз картошка ва карам
1973

Маҳсулоти лозима:
Картошка, 2 тухм, 1 қошуқ орд, 4 қошуқ равған. Барои қимма:
250 г карам, 1 пиёз, 1 қошуқ равғани растанӣ.

Тарзи таҳия:
Картошкаро дар об пухта, гармогарм аз гӯштқимакунак гузаронида, намаку тухмро илова кунеду омезед. Карамро хурд реза карда, дар равған бирён кунед. Дар алоҳидагӣ пиёзро бирён карда, онро якҷоя бо тухми хом ба карам андохта омезед. Аз картошка кулчаҳои гирд сохта, дар дарунашон зирбаки карамиро гузореду мисоли самбӯса маҳкам карда, дар орд ҷӯлонед ва бирён кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД