Футболбози ҷавони тоҷик Салоҳиддин Иргашев корномаи худро дар ҳайати дастаи “Арсенал” дар Чемпионати Беларус идома медиҳад.
ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуоти дастаҳои "Арсенал" ва "Истиқлол" хабар дод, ки тими “Арсенал”-и шаҳри Дзержинск, ки соли гузашта мақоми 10-умро дар Чемпионати Беларус ишғол карда буд, бо Иргашев шартномаи ҳамкорӣ бастааст.
Салоҳиддин Иргашев аввали соли 2023 ба ҳайати “Истиқлол” шомил шуда буд ва соли гузаштаро ба таври иҷора дар ҳайати “Вахш” сипарӣ намуд. Дар ҳайати “Вахш” Салоҳиддин дар 21 бозӣ ба майдон баромада, 2 гол ва 1 паси головар анҷом додааст.
Иргашев инчунин дар ҳайати асосии тими миллии Тоҷикистон се бозӣ анҷом додааст. Соли 2023 дар ҳайати дастаи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон зери роҳнамоии Олег Кубарев 6 бозӣ анҷом додааст.
Ҳамчунин, Иргашев дастпарвари Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон буда, дар ҳайати дастаи “Металлург”-и Бекобод низ бозӣ кардааст.