Arzon march 2024
Саховати раиси ноҳия
859

 

Дар арафаи Иди Наврӯз дар ноҳияи Файзобод 3 оилаи маъюб соҳиби хонаи истиқоматӣ шуданд. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳия ба сомонаи "Оила" хабар доданд.

Раиси ноҳия Бобишо Холзода ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия калиди хонаҳоро ба ин қишри осебпазир супурд.

Сараввал раис ба деҳаи Чуқураки деҳоти Дӯстмурод Алиев рафта, ба Хушбахт Кенҷаев, ки дар оилаи ӯ се маъюб зиндагӣ мекунад, калиди хонаи навро дод. Хонаи мазкур аз се ҳуҷра иборат буда, дорои тамоми шароити замони муосир мебошад.

Маҳаммадӣ Иброим, аз деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки дар оилааш 4 нафари имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунад, бо хонаи наву замонавӣ таъмин гардид. Хона аз 4 ҳуҷра иборат буда, бо таҳҷизоти нав таъмин аст.

Шарифгул Шарифова, сокини деҳаи Заркамари шаҳраки 30 - солагии Истиқлол аз зумраи нафароне мебошад, ки солҳои дароз дар вагон зиндагӣ мекарду шароити хуб надошт. Ӯ ҳамеша дар орзуи хонаи нав буд. Бо шарофати Наврӯз ӯ низ, бо хонаи наву замонавӣ таъмин гардид.

Раиси ноҳия ба масъулин супориш дод, ки барои минбаъд ҳам дарстгирӣ намудани ин оилаҳо ба онҳо дар бонк суратҳисоби махсус кушоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД