Нисбат ба 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст, гуфт Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон.
Ба гуфти Саидвализода, соли сипаригардида ба Хадамот 11 636 санади истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.
Ба гуфтаи вай ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,1 фоиз зиёд мебошад.