Formula novemver 2024
САИДАИ СИРОҶИДДИН: САҲНАРО ҚУРБОНИ ОИЛА МЕКУНАМ, АГАР...
4221

 

Саидаи Сироҷиддин, овозхони 31-солаи тоҷик пас аз чанд муддати хомӯшӣ дар бораи зиндагии пасипардагиаш суҳбат кард. Ӯ дар барномаи интернетии “Чеҳраи ошно” гуфт, оиладор буда, соҳиби як писарча аст.

“Аслан, дар бораи ҳаёти шахсиам суҳбат карданро дӯст намедорам, чун ин зиндагии ман аст ва бояд танҳо ба ман тааллуқ дошта бошад”,-гуфтааст овозхон. Саида мегӯяд, баъди оиладоршавӣ шавҳараш нагузошт, ки дар рӯйи саҳна бошад ва сабаби як муддат хомӯш буданаш низ ҳамин аст. “Пеш аз тӯй розӣ буданд, аммо баъди тӯй иҷозат надоданд. Вақте вазъи саломатиам бад шуд, яъне зиёд фикр мекардаму ғам мехӯрдам, баъдан иҷозат доданд. Ҳоло кӯшиш мекунам, ки аз боварии шавҳарам набароям, вале агар боз шарт гузоранд, оиларо интихоб мекунам”,-илова кардааст Саида. Овозхон чанд сол қабл оиладор шуда бошад ҳам, дер соҳиби фарзанд шудааст.

“Ман дертар соҳиби фарзанд шудам. Фақат орзу мекардам, ки агар мабодо писар таваллуд кунам, ҳатман Нуриддин ном мегузорам, то нури зиндагиам бошад. Баъдан, як зани дигар ҳам буд, ки ранҷи бефарзандӣ мекашид. Вақте писарам дар батнам 3-моҳа буд, ӯ ба ман гуфт, ки “Саидаҷон, Худо ба ман фарзанд надод, лекин агар ту соҳиби писар шудӣ, Мусаввир ном гузор”. Ҳамин тавр, писарам ба дунё омаду ба ӯ Нуриддинмусаввир ном ниҳодем”,-илова кардааст Саида. Саидаи Сироҷиддин бори аввал дар синни 17-солагиаш ба саҳна баромада, бо суруди “Ана, гул боғи ба боғ” ва рақсҳои ҷолибаш маъруфият ба даст оварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД