Formula novemver 2024
Сагҳо 2 касро куштанду 422 танро захмӣ карданд
1023


Солҳои охир шумораи сагҳои дайду зиёд шуда, баъзан ин ҳайвонҳои зоҳиран безарар ба кӯдакон ва ҳатто ба одамони калонсол низ ҳамла мекунанд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки газидани саг оқибатҳои нохуш дорад ва дар сурати сари вақт ба табибон муроҷиат накардан касро ба девонагӣ ва ҳатто ба марг гирифтор карда метавонад. Далели равшани ин гуфтаҳо марги ду нафар дар Вилояти Хатлон бар асари газидани сагҳои дайду мебошад.

Ду сокини вилояти Хатлон, ки баъд аз газидани саги бемор сари вақт ба табибон муроҷиат накардаанд, ба ҳалокат расиданд. Ин ду нафар танҳо касоне нестанд, ки аз захми дандони саг зарар дидаанд, давоми 10 моҳи соли равон дар Хатлон 422 нафар аз газидани саг осеб дида, захму ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар ин бора Назарзода Ҳасан Насрулло, мудири шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов ба Фараж иттилоъ додааст.

Ба гуфти табиб онҳо сари вақт ба табобат фаро гирифта шудаанд ва бе ягон оқибатҳои хатарзо шифо ёфтаанд, вале ду нафар саггазидагон бо сабаби ба табибон муроҷиат накардан ҷони худро аз даст додаанд.

Шасхоне, ки аз захми дандони саг ҷон бохтаанд, сокинони ноҳияҳои Кушониён ва Хуросон буда, бо сабаби баъди газидани саг ба духтур муроҷиат накардан ба бемории ҳорӣ гирифтор шудаанд ва зимни хуруҷи ҳамин касалӣ ба ҳалокат расидаанд.

“Аксари осебдидагон сари вақт ба мо муроҷиат мекунанд, зеро медонанд, ки дар ин айём ҳар лаҳза ғанимат ва муҳим ҳисобида мешавад”,- таъкид кардааст Назарзода Ҳасан Насрулло
Табиб мегӯяд, ҳангоми муроҷиати саривақтии шахсони саг газида барои пешгирӣ аз бемории ҳорӣ ваксинаи лозимаро ба беморон гузаронида мешавад.

“Зимни газидани саги бемор агар инсон сари вақ ба табибон муроҷиат накунад, дар байни ду-се рӯз ба бемории ҳорӣ гирифтор шуда, имкони шифоёбиро аз даст медиҳад ва ба ҳалокат мерасад”, таъкид намудааст Назарзода.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД