Arzon march 2024
Саги зирак 100 хирсаки коаларо наҷот бахшид
1062

 

Ҳангоми сӯхтори ҷангалҳои Австралия давоми солҳои 2019—2020 барои наҷот бахшидани ҷонварон сагеро бо лақаби Бира ба кор бурданд. Бо кӯмаки ин ҷонвар беш аз 100 хирсаки зоти коала ёфт ва табобат карда шуд. Барои чунин қаҳрамонӣ Бира аз ҷониби фонди байналмилалии ҳайвонот дар Бритониёи кабир соҳиби медали тилло гардид. Илова бар ин, ба ҷонвар мӯзаҳои махсус пӯшонида шуд, то ки аз сӯхтор ҳифз гардад. Бир ягона саге дар Австралия аст, ки хирсҳои зоти коаларо аз рӯйи пашм ва бӯйи ахлоташон пайдо карда метавонад. Ёдрас мешавем, ки аз моҳи сентябри 2019 то марти 2020 бо сабаби хушксолӣ ва сӯхтор ҳазорҳо адад ҳайвоноту растанӣ дар ин кишвар нобуд гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД