arzon replenishment
Сафорати ИМА ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон консерт гузаронд
376
Имрӯз дар толори консертии “Суруш”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон консерти афсарони Амрико доир гардид.
 
Ин консерти бошукуҳ аз ҷониби Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, меҳмонону сокинони пойтахт аз мусиқиҳои амрикоӣ лаззат бурданд.
 
Аз Сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, ки консерти гурӯҳи ҳарбӣ-ҳавоии қувваҳои муссалаҳи ИМА - “AFCENT” дар Тоҷикистон, дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Кӯлоб низ доир шуд ва имрӯз онҳо ҳамсолони душанбегии худро бо рӯзи идашон табрик карданд.
 
Яке аз навозандагони ин гуруҳ гуфт, “AFCENT” гурӯҳи гуногунҷанбаи навозандагон аст, ки намудҳои гуногуни мусиқиро аз жанрҳои поп, рок, кантри ва ҷаз намоиш медиҳанд.
 
“Аъзои гурӯҳ навозандагони сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки дар беҳтарин мактабҳои мусиқии амрикоӣ ва байналмилалӣ таълим гирифтаанд. Ҳамаи онҳо ихтиёран истеъдоди худро барои хидмат дар Қувваҳои Ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ҳамчун навозандагони доимии фаъол истифода карда истодаанд”, - гуфт навозандаи гуруҳ.
 
Зикр шуд, ки гурӯҳи “AFCENT” ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистону Тоҷикистон сафар карда, консертҳои оммавӣ баргузор мекунанд. Онҳо қаблан соли 2017 ба Тоҷикистон омада буданд. Онҳо дар репертуарашон як таронаи тоҷикӣ низ доранд, ки “Чак чаки борони баҳор”-и Далер Назаров аст.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД