Сафорати Амрико аз қаллобон дар масъалаи «Грин-корт» ҳушдор дод
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки ба миёнаравоне, ки аз оғози сабтином дар қуръакашии «Грин-корт» барои соли 2027 хабар медиҳанд, эътимод накунанд.
Тибқи иттилои сафорат, ки 27 -уми октябр нашр шудааст, шаҳрвандон бояд барои гирифтани маълумот дар бораи раводидҳои Амрико танҳо аз сомонаҳои расмии ҳукумати ин кишвар истифода баранд.
Ин ҳушдор дар ҳолест, ки чанде пеш додгоҳе дар ИМА Вазорати корҳои хориҷии ин кишварро уҳдадор карда буд, ки қуръакашии «Грин-корт»-ро барои соли 2027 баргузор намояд. Тибқи қарори додгоҳ, қабули дархостҳо бояд на дертар аз 1-уми ноябри соли 2026 оғоз шавад.
Аммо ин қарор ҳанӯз маънои оғози сабтиномро надорад. Ҳукумати ИМА метавонад аз болои он шикоят кунад ва то баррасии шикоят оғози сабтином номуайян боқӣ мемонад.
Қуръакашии мазкур мебоист тирамоҳи соли 2025 баргузор мешуд, вале бинобар маҳдудиятҳои муҳоҷиратии ҷорикардаи ҳукумати Доналд Трамп ва баҳсҳои ҳуқуқӣ ба таъхир афтод.