1xbet
Сафири Олмон бо ҳунари занҳои дӯзанда дар Ховалинг шинос шуд
110

Сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф аз як коргоҳи дӯзандагӣ дар минтақаи дурдасти Ховалинг дидан намуда, бо ҳунари дасти бонувони тоҷик ошно шуд. Дар ин бора Сафорати Олмон хабар додааст.

Сафорати Олмон барои дӯзандагон лоиҳаи хурде ҷудо намудааст, ки дар доираи ин лоиҳа барои занону духтарони ин минтақа курсҳои дӯзандагӣ ташкил карда шудаанд. Дар се курс то ин дам 36 нафар занони маҳаллӣ таълим гирифта, нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро аз худ намудаанд.

Хатмкунандагони курсҳои дӯзандагӣ ҳамакнун ҳунару малакаи омӯхтаашонро барои оғози тиҷорати хурд истифода мебаранд ва бо ҳамин усул масъулиятҳои оилавӣ ва кориро дар пасвастагӣ анҷом медиҳанд.

Дар фарҷоми лоиҳа сафири Олмон ҷаноби Шуграф аз коргоҳи дӯзандагӣ дар Ховалинг дидан намуда, бо ҳунари дасти бонувони тоҷик ошно шуд ва таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодии деҳот равона гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД