Formula novemver 2024
Сафири Арабистон ба таъзияи хонаводаи Меҳмон Бахтӣ рафт
795

 

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба хотири изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми май аз олам гузашта буд, ба манзили марҳум рафт.

Сафир аз Меҳмон Бахтӣ, ки дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро анҷом додааст, ба некӣ ёд карда, осори ӯро ҳамчун осори маҳбуб дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар рафти сӯҳбат бо пайвандони марҳум, Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе барои руҳи поки нависандаи зиндаёд фотиҳа хонд ва аз даргоҳи Худованди муттаъол бахшиши гуноҳону дар ҷаннати ҷовидон ҷойгузин гаштани марҳумро талаб карда, ҳамчунин барои хешу пайвандонаш дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи офаридгор сабри ҷамил хост.

photo 1

Лозим ба ёдоварист, ки марҳум Меҳмон Бахтӣ ба ҳайси меҳмони Ходими Ҳарамайни Шарифайн, шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷҷи 2019 ширкат варзида буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД